Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов бо мақоми аршади иронӣ


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон бо Меҳдии Сафарӣ - муъовини вазири умури хориҷаи Ирон масоили муқаддамотии сафари Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳурии Ирон ба Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шудааст. Дар ин дидору гуфтугӯ ҳамчунин масоили марбут ба амнияти минтақаӣ ва авзоъ дар Афғонистон низ матраҳ шуд. Оқои Сафарӣ аз посух ба дигар пурсишҳои хабарнигорон худдорӣ кард. Бино ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон қарор аст дар торихи 25 июл, яъне то даҳ рӯзи дигар сурат бигирад. Дар ҷараёни ин сафар афзун бар масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин ҳамкориҳои сетарафаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Ирон дар заминаи сохтмони нирӯгоҳҳои обӣ, интиқоли барқ, муборизаи муштарак бо қочоқи маводди мухаддир ва мусоъидат ба истиқрори субот дар Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG