Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шиноварони Душанбе


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ миёни ҷавонон, ки дар ҳавзи шиноварии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии тими аввали пойтахти Тоҷикистон хотима ёфт.
Дар ин мусобиқа 60 шиновар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ширкат карданд. Шералӣ Комилов, узви дастаи Душанбе- 1 дар се навъи рақобатҳо - шиноварӣ ба масофаи 50, 100 ва 200 метр бо усули брасс байни писарон мақоми аввалро касб кард. Светлана Шлёмоваи душанбегӣ дар ду навъи рақобатҳо миёни занон - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули брасс ва пуштнокӣ ду ҷоизаи аввал ба даст овард. Варзишгари вилояти Хатлон Тоҳир Гулиев дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод байни ҷавонон ғолиб омад. Вай ҳамчунин дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо варзишгари душанбегӣ Алишер Ҷӯрабоев натиҷаи якхела ба даст овард. Бинобар ин ҳарду барандаи ҷоизаи аввал шуданд. Дар навъҳои дигари рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони Душанбе Ситам Шабурзода (50 метр, брасс), Наврӯз Наврӯзов (200 метр, тарзи озод), Дӯстмурод Саидмуродов (100 метр, пуштнокӣ), Шоҳин Риёзов (25 метр, делфин), Елизавета Волф (50 метр, тарзи озод) ва Светлана Догадкина (100 метр, тарзи озод) мақоми аввалро ишғол карданд. Дар эстафетаи 4 Х 50 метр тими аввали Душанбе дар ҳайати Вероника Гогенко, Ирина Наумова, Светлана Шлёмова ва Катерина Измайлова байни занон ва тими аввали вилояти Хатлон дар ҳайати Фатҳиддин Фақиров, Одил Зулфалиев, Алишер Неъматов ва Тоҳир Гулиев байни мардон пирӯз шуданд.
Людмила Ляшенко, раҳбари мактаби махсуси шиноварии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа ҷавонони лаёқатманду умедбахшро кашф намуд, ки онҳо ҷойгузини аъзои тими мунтахаби шиноварии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Вай афзуд: «Ин мусобиқа нишон дод, ки теъдоди ширкаткунандагони рақобатҳо нисбат ба соли гузашта афзун гардидааст. Он чиз боиси хушнудист, ки таваҷҷӯҳи духтарон ба шиноварӣ зиёд шудааст ва онҳо аз манотиқи мухталифи кишвар ба Душанбе омадаанд. Ин шаҳодати он аст, ки вазъи шиноварӣ дар манотиқи кишвар каме беҳтар шудааст.»
Вале хонум Ляшенко аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бинобар набуди маблағ шиноварони тоҷик имсол дар ягон мусобиқаи байналмилалӣ ширкат накардаанд ва фароҳам набудани шароити мувофиқи тамрин ва камтаҷрибагӣ ба онҳо имкон намедиҳад, ки натоиҷи хуб ба даст оранд
XS
SM
MD
LG