Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ - ғолиби давраи аввали мусобиқа


Давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба поён расид.
Дар охирин бозии марҳалаи аввал тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими «Динамо» - и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард.
Ба ин тариқ, дар марҳалаи аввали мусобиқа се даста - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода , «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа натоиҷи мушобеҳ - дар 11 дидор 25-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Ҳар кадом дар ҳашт дидор ғалаба карда, як бозиро мусовӣ анҷом додааст ва дар ду бозӣ шикаст хӯрдааст. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Регар» ТадАЗ дар ҷойи аввал, «Парвоз» дар ҷойи дуввум ва «Вахш» дар ҷойи севвум қарор гирифтаанд. Ин се дастаи пешсаф, ҳамчунин ду тими шаҳри Душанбе - «Хима» ва CSKA барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқа талош мекунанд.
Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ, ки дар бозиҳои давраи аввал ба дарвозаи ҳарифон дар маҷмӯъ даҳ гол задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқот маҳсуб мешавад. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» бо нӯҳ гол дар хатти дуввуми нишонзанҳои беҳтарин ҷой дорад.
XS
SM
MD
LG