Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирослав Клозе соҳиби «Бутсии тиллоӣ»-и Ҷоми ҷаҳонӣ


Ҳамлагари тими миллии Олмон Мирослав Клозе бо «Бутсии тиллоӣ», ки ба беҳтарин голзани чемпионати ҷаҳон супурда мешавад, сарфароз гардид. Дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2006 дар Олмон ҳамлагари «Вердер»-и Бремен ба дарвозаи тими мунтахаби Коста-Рика ду тӯб ва ба дарвозаи тимҳои Полша, Эквадор ва Аргентина якголӣ задааст. Вай дар чемпионатҳои ҷаҳон ҳамагӣ 10 гол ба ҳадаф расондааст.
«Бутсии нуқрагӣ»-и Ҷоми ҷаҳон-2006-ро Эрнан Креспо (Аргентина) ва «Бутсии биринҷӣ»-ро Роналдо (Бразилия) гирифтанд. Ҳарду сеголӣ зада, якборӣ дар задани гол кӯмак намудаанд, вале Креспо дар майдон ҳамагӣ 305 дақиқа ва Роналдо 409 дақиқа бозӣ кардаанд. Дар ин маврид тибқи қоидаҳои ФИФА футболбозе, ки дар майдон камтар бозӣ кардааст, боло ҷой мегирад. Дар навбати худ Роналдо дар ҷараёни чемпионати ҷаҳон дар Олмон рекорди мутлақ гузошт: касе дар бозиҳои бахши ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ба мисли ӯ 15 гол назадааст.
XS
SM
MD
LG