Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Шомил Басаев


Роберт Парсонс ва Лиз Фаллер Эндрю Тулли

Мақомоти Русия мегӯянд, фармондеҳи умдаи чирикиҳои чечен Шомил Басаев шаби якшанбе ба душанбе дар натиҷаи як амалиёти нирӯҳои вижа дар ҳудуди ҷумҳурии бо Чеченистон ҳамҷавори Ингушистон кушта шуд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қатли Басаевро ҷазои сазовори ҳамла ба мактаби Беслан ва ба Будёновск номид. Дар ҳамлаи Будёновск беш аз 100 нафар ва дар фоҷиъаи гаравгонгирии мактаби рақами яки шаҳри Беслан 331 нафар, ки беш аз нисфаш кӯдакон буданд, ба ҳалокат расида буданд.

Дар нахустин вокуниш ба ин хабар, президенти Амрико Ҷорҷ Буш гуфтааст, агар Басаев дар воқеъ масъули куштори кӯдакони Беслан бошад, пас ӯ ба сазояш расидааст. Сухангӯи Кохи Сафед Тони Снов гуфт, давлати Амрико ҳанӯз қобил ба таъйиди хабари марги Басаев нест, вале афзуд вай, Вошингтон дар қиболи Басаев дидгоҳи бо Маскав ҳамсон дошт ва Амрикову СММ Шомил Басаевро ҳамчун террорист эътироф карда буданд: "Ӯ террорист буд. Ӯ масъулияти як силсила ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба мактаби Беслан дар соли 2004-ро бар ӯҳдаи худ гирифта буд."

Николай Патрушев, раҳбари Хадамоти федеролии иктишофии Русия гуфт, Шомил Басаев ба анҷоми як ҳамлаи нави террористӣ дар ҷануби Русия дар остонаи нишасти сарони гурӯҳи G8 омодагӣ мегирифт. Николай Патрушев ҳамчунин гуфт, Басаев бо дасти нирӯҳои вижа кушта шудааст. Ва аммо чирикиҳои чеченӣ дар як баёнияи интернетӣ гуфтаанд, Шомил Басаев дар асари таркиши тасодуфии як мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар наздикии рустои Экажево ба ҳалокат расидааст.

Вазири хориҷа дар давлати худхондаи ҷудоиталабони чеченӣ Аҳмад Закаев, ки аз Лондон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, хабари ҳалокати Шомил Басаевро таъйид карда наметавонад. Аммо ба ақидаи оқои Закаев, ҷанги Чеченистон, ки то кунун беш аз 250 000 кушта ба ҷо гузоштааст, ҳатто бо вуҷуди кушта шудани Шомил Басаев фурӯ нахоҳад нишаст: "Дар асл, вазъ тағйир нахоҳад ёфт. Низоъи мусаллаҳонаи мо ба садсолаҳо мекашад, аммо дастгоҳи тарғиботии Русия, ба хусус тарғиботи низомӣ ҳамеша талош мекард, ин масъаларо марбути шахсиятҳо кунад. Аммо табиъати ин низоъ хеле фаротар аз маҳдудаи шахсиятҳост."

Раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Чеченистон Алу Алхонов аммо гуфтааст, кушта шудани Шомил Басаев ба маънии такимл шудани амалиёти зиддитеррор дар Чеченистон аст.

Шомил Басаев соли 1965 дар рустои кӯҳистонии Веденои Чеченистон ба дунё омада, як муддат дар як донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил кардааст. Соли 1992 ӯ дар Абхозистон алайҳи нирӯҳои гурҷӣ меҷангад. Бо шурӯъи ҷанги аввали Чеченистон Шомил Басаев ба яке аз фармондеҳони умдаи ҷудоиталабони чеченӣ табдил ёфт. Ҳамлаи таҳти фармондеҳии ӯ ба Будёновск дар тобистони соли 1995, ки ба поёни ҷанги аввал оғоз гузошт, ва ишғоли шаҳри Грозний дар моҳи августи ҳамон сол, ки низ бо ширкати фаъолонаи Басаев сурат гирифт ва ҷанги аввал ба поён овард, ӯро дар радифи маъруфтарин фармондеҳони чеченӣ қарор дод.

Аммо тадриҷан ҷанги Басаев табиъати ҳарчӣ бештар мазҳабӣ касб мекунад, ки як намунааш ҳамлаи хунгармона ба Доғистон дар соли 1999 аст, ки баҳонаи оғози ҷанги дуввуми Чеченистон шуд.

Дар оғози ҷанги дуввум Шомил Басаев ҳангоми хуруҷ аз Грозний аз як пой маҳрум шуд, вале бо ин вуҷуд ба муборизаи мусаллаҳонааш идома медод. Тайи солҳои охир ӯ масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла гаравгонгирии театри "Норд - Ост"-и Маскав дар 4 соли пеш ва гаравгонгирии мактаби Беслан дар 2 соли пешро ба гардан гирифта буд.

Дар ҳар сурат, бо кушта шудани Шомил Басаев ҷудоиталабони чеченӣ яке аз чеҳраҳои калидии муқовимат алайҳи Русия ва рамзи ин муқовиматро аз даст доданд ва марги Басаев акнун ҳаракати чирикиҳои чечениро ба шадидтарин бӯҳрон аз оғози ҷанги Чеченистон рӯбарӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG