Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

'Фармондеҳи чечен Шамил Басаев кушта шудааст'


Хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки президенти Русия Владимир Путин қатли фармондеҳи ҷудоихоҳони чечен Шамил Басаевро тасдиқ кард. Президенти Русия куштори Басаевро ҷавоби муносиб ба ҳамлаҳои террористӣ болои мактаби Беслан ва шифохонаи Буденовск номидааст.
Николай Патрушев раиси хадамоти федералии Русия мегӯяд, ки Басаев шаби гузашта дар ҷумҳурии Ингушистони Русия ба қатл расид. Ба гуфти Патрушев Басаев мехост ҳангоми мулоқоти сарварони ҳашт кишвари саноатии олам дар шаҳри Санкт Петербурги Русия дар ҷануби ин кишвар амалиёти террористӣ роҳандозӣ намояд.
XS
SM
MD
LG