Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш" ба пешсафон наздик мешавад


Нарзуллоҳи Латиф

Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии мавқуфмондаи худ дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар дастаи «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 4 бар 1 пирӯз шуд. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо 22 имтиёз ба ҷойи чаҳорум баромад. Ва аммо «Вахш» нисбати пешсафони ҷадвал - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ҳар кадом дар 11 дидор 25-имтиёзӣ ба даст овардаанд, як бозӣ камтар анҷом додааст. «Вахш» имкон дорад, дар сурати пирӯзӣ дар бозии охирини давраи аввал рӯзи сешанбеи 11 июл дар майдони худ бар «Динамо»-и Душанбе баробари пешсафон имтиёз ба даст орад.
Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ, ки даҳ гол задааст, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» бо нӯҳ гол дар ҷойи дуввум аст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 11 июл
Б Ғ М Б Т И
1. «Регар» ТадАЗ 11 8 1 2 28-8 25
2. «Парвоз» 11 8 1 2 18-10 25
3. «Хима» 11 7 3 1 28-11 24
4. «Вахш» 10 7 1 2 15-8 22
5. СSKA 11 7 0 4 16-15 21
6. «Тоҷиктелеком» 11 5 1 5 17-13 16
7. «Хуҷанд» 11 4 3 4 12-13 15
8. «Саройкамар» 11 3 2 6 17-25 11
9. «О.Каримзод» 11 2 3 6 13-15 9
10. СКА «Помир» 11 1 3 7 10-22 6
11. «Ориёно» 11 1 2 8 9-23 5
12. «Динамо»
10 0 4 6 6-26 4

Ҳисор" ғолиби давраи аввал шуд

Се бозии охирини давраи аввали мусобиқаи тимҳои лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуд. «Энергетик»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Баракат»-и Шаҳринав бо натиҷаи 3 бар 0 ғолиб омад. Ду бозии дигар миёни тимҳои «Ҳисор»-и Ҳисор - «Ҳосилот»-и Данғара ва «Гвардия»-и Душанбе - «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 хотима ёфт.
Ба ин тартиб дастаи «Ҳисор» пас аз анҷоми бозиҳои давраи аввали мусобиқа бо 18 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Тими «Энергетик»-и Душанбе бо 17 имтиёз ҷойи дуввумро ишғол мекунад. Дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо 14 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.
Худойдод Нусратов, бозигари тими «Ҳисор», ки ҳамагӣ 9 гол задааст, дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали
бозиҳо пас аз анҷоми давраи аввал
Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳисор» 8 5 3 0 19-6 18
2. «Энергетик» 8 5 2 1 24-7 17
3. «Гвардия» 8 3 5 0 11-6 14
4. «Апрелёвка» 8 4 0 4 21-12 12
5. «Ҳулбук» 8 3 1 4 12-17 10
6. «Ҳосилот» 8 2 4 2 12-10 10
7. «Ҷавонӣ» 8 2 3 3 15-16 9
8. «Баракат» 8 2 2 4 8-19 8
9. «Зарафшон» 8 0 0 8 7-36 0
XS
SM
MD
LG