Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бесаводии муҳоҷирини корӣ ё "Пул додему худмона халос кардем"


Мушкили умдае, ки муҳоҷирини тоҷик доранд, ба гуфтаи ағлаби онҳо на мушкили сабти номи муҳоҷирин дар Қазоқистон, балки бесаводии бархе аз муҳоҷирини тоҷик аст. Саид ном ҳамсуҳбати мо, ки дар бозори Барахолкаи шаҳри Алмаато ба тиҷорат машғул аст, мегуяд, ки метавон масъалаи сабти номро бо ҳар роҳе ҳал намуд ва аз пулис бо роҳҳои гуногун ва ҳатто додани ришва халос шуд. Вале онҳоро бесаводӣ ҳамеша гиребонгир аст ва ҳамеша аз дасти он дар азобанд. Ба таъкиди Саид бесаводӣ барои онҳо мушкили мушкилҳост. Яке аз омилҳои ба чунин мушкил мувоҷеҳ гардидани ҷавонони имруза, яъне кудакони солҳои навад ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аст ва ин балои таҳмилӣ бисёр бачагонро чун Саид аз таҳсил дур афканд.

"Мо то синфи чорира хондем, баъд ҷанг сар шуд. Баъд ҳар су гурехта рафтем. Мактаба нахондем".

Фируз, ки дар бозор дар паҳлуи Саид менишинад, аз дасти мушкилоти рузғор ва бехонагӣ бесавод мондааст ва бисёр мехоҳад, ки ду додараш низ чун у аз хату савод бебаҳра намонанд.

"То синфи ду хондем, шароит нашуд, хестем ин ҷо омадем. Агар шавад, кор ки буд шуд, насиб карда бошад, боз меравем мехонем. Дар ин ҷо кор мекунам, шароитама як майда нағз мекунам ва агар худам ҳам нашудам, барои онҳо чӣ қадар, ки бошад, кушиш мекунам, ки бихонанд ва соҳиби як чиз шаванд. Ҳар вақти бо телефон гап задан ман таъкид мекунам, ки мактаба ба ҳар роҳе, ки бошад , бихонед, мактаба напартоед".

Фируз мегуяд, ки чун онҳо хонаву дар бихаранд, вай низ мекушад, ки аз паи илмомузӣ шавад, зеро ба ғуфтаи Саиду Фируз ва дигар ҷавонони бозори Барахолка онҳо қариб ҳар руз аз дасти бесаводӣ азоб мекашанд. Дар ин робита Саид мегуяд:

"Ҳозир пулам ҳаст, вале саводамон нест. Мо мехоҳем, ки боз савод ҳам дошта бошем".

Саид ба ин суханон чунин изофа мекунад:

"Албатта, моро як кас меқапад мегуяд, як чиз бинвисед, мо навишта наметавонем, бесаводӣ, изо мекашем. Ман мошин харидам ГАИ дар раҳ қарор дод. Хайр, бурдам ба майдончаи ҷаримасупорӣ, пулис мегуяд, навис, ман навишта наметавонам. Вай ҳайрон шуд. Пурсид, ки чаро навишта наметавонӣ, ман гуфтам, ки мактаб хондагӣ нестам. Баъд як ҳарф як ҳарф навиштам ва онро на вай хонда тавонисту на худам. Баъд, хайр, пул додаму худро халос кардам".

Бархе аз ҷавонони тоҷики бозори Барахолка ҷунин меҳисобанд, ки пулро шуморида тавонанд кофист. Вале Саид инро фикри комилан ғалат мешуморад ва мегуяд, ки донишу хату саводро наметавон бо пулу мол харид.Фируз низ ба андешаҳои ҳамкораш мувофиқ аст ва мегуяд, ки одами бесавод дар дасти пулис чун луқмаи тайёр аст.

"Ҳамин милиса, ки омад ва паспорта пурсид ва гап зада натавонӣ, мегуяд, ки исто, ки ҳамин на савод дорад ва на ҳеҷ чӣ, даҳонаш кандагӣ... Мегирад меравад. Агар савод дошта бошӣ, аз дурӣ намеояд пешат. Одами саводнок аз дур маълум аст, аз рафту омадаш маълум , аз гапзаниаш маълум".

Ҳоло Саид чун бархе аз тоҷирони тоҷик дар Алмаато соҳиби пулу мол ва ҳатто мошин шудааст, вале ҳамаи ин дороӣ наметавонад, уро аз варта ва азоби бесаводӣ берун кашад. У мехоҳад, ки бо ҳар роҳу василае аз бори сангину нангини бесаводӣ раҳо ёбад ва хостори дар Алмаато ташкил кардани курси савододомузӣ аст. Ба гуфтаи Шарифи Шариф- муовини раиси маҳфили фарҳангии тоҷикони Алмаато, дар бозори Барахолка ва умуман дар шаҳри Алмаато шумораи ҷавонон ва бачагони бесавод е чаласавод хеле зиёд аст ва наметавон бо чунин вазъи ҷавонони тоҷик муросо кард.

"Мо чанд нафар аз аъзои маҳфили фарҳангии тоҷикони Алмаато пурсише дар бозор анҷом додем . Дар 50 контенере, ки мо суҳбат кардем, тақрибан дар ҳар контенер як нафар ҳаст, ки хату савод надорад, тақрибан хондаву навишта наметавонад. Ба назари ман, масъулини кишвар ва ниҳодҳои марбута дар заминаи саводомузии мардум бояд корҳоеро анҷом диҳанд".

Ба андешаи Шарифи Шариф, ҳарчанд масъалаи саводомузии муҳоҷирини тоҷик дар ғурбат муҳим ва зарур аст, вале бо ин наметавон ба ҳалли кули масъала даст ёфт, зеро решаҳои бесаводии муҳоҷирини тоҷик, қабл аз ҳама, марбут ба вазъи мактабу маориф дар Тоҷикистон ва чигунагии бархурди ҷомиа ба саводи мардум аст.
XS
SM
MD
LG