Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон 3; Пуртуғол 1


Медоли биринҷии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол 2006 насиби Олмон - мизбони мусобиқот шуд. Нимаи аввали бозӣ бенатиҷа ба сар расид. Иддае ба ин фикр уфтоданд, ки эҳтимолан натиҷаи бозӣ бо замони изофӣ ё ҳатто зарбаҳои ҷаримаӣ мушаххас хоҳад шуд. Аммо дар авоили нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 56 Бастиан Швайнштайгер аз дастаи Олмон дарвозаи Пуртуғолро боз кард ва бад-ин гуна роҳи вуруди тӯбҳои дигар ба дарвозаи Пуртуғол ҳамвор шуд. Дуруст панҷ дақиқа баъд аз он Армандо Петит, бозикуни тими Пуртуғол зарбаи муҳками дигари Швайнштайгерро вориди дарвозаи тими худаш кард ва ҳисобро ба нафъи Олмон тағйир дод.. Ҳич талоши бозикунони пуртуғолӣ мунҷар ба тағйири вазъияти тимашон нашуд. Ҳатто таъвизи Мирослав Клозе, ки дар ҷараёни бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ 5 голи Олмонро вориди дарвозаҳои ҳарифон кардааст, аз қудрати бозии Олмон накост. Балки ин бор Бастиан Швайнштайгер аз тими Олмон буд, ки бо дурахшиши тамом дар майдон ҷавлон мезад ва дар дақиқаи 78 голи севвуми тимашро ба нишон расонд. Аммо тими Пуртуғол, ки беҳтарин ширкати худ дар бозиҳои ҷаҳонӣ аз соли 1966 то кунунро доштааст, ба сарнавишти худ тан дар надод ва дар дақиқаи 88 Нуно Гомес аз тими Пуртуғол бо дарёфти тӯб аз Луис Фигу нахустин голи тимашро вориди дарвозаи Олмон кард.
XS
SM
MD
LG