Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши бемории кушандаи СПИД дар Тоҷикистон


Нафис Содиқ фиристодаи дабири кулли СММ оид ба масоили ВИЧ СПИД дар манотиқи Осиё ва Уқёнуси Ором, зимни як нишасти хабарӣ, ки дар поёни сафараш ба Тоҷикистон, барои хабарнигорон доир кард, гуфт, тибқи омори расмии вазорати беҳдошти Тоҷикистон, феълан аз ҳар 200 зани ҳомила дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд 1 нафар ва аз ҳар 45 муҳоҷири корӣ 1 нафар олудаи вируси норасоии масъӯнияти бадан мебошад, ки ин албатта барои як кишвари кӯчаку камаҳолӣ хеле нигаронкунанда аст.
Аммо гуфт хонум Нафис, "мутобиқи хулосаҳои Кумиссиюни СММ оид ба татбиқи барномаи ҷаҳонии «Рушди 1000-сола» хатари густариши СПИД дар Тоҷикистон, дар қиёс бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, камтар будааст. Ва як чиз боиси хушнудист, ки Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигар шонс, ё имкони бештари ҷилавгирӣ аз густариши ин бемориро дар даст дорад ва ман мебинам,ки корҳои зиёд ва тадбирҳои муҳимеро ҳукумати Тоҷикистон ва созмону нҳодҳои масъул дар ин самт, сомон додаанд. Аммо яке аз тадбирҳои боз ҳам муҳимтар, ҳарчӣ бештар огоҳонидани мардум аз хатари ҷонӣ ва паёмадҳои ин беморӣ мебошад."
Фиристодаи дабири кулли СММ афзуд, ин созмон ҳамкориро бо ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз густариши СПИД дар ин кишвар, идома хоҳад дод. Дар Тоҷикистон тибқи иттилоъи расмӣ беш аз 500 мавриди гирифторӣ ба вируси норасоии масъӯнияти бадан сабт шудааст.
Натоиҷи таҳқиқоти тозаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар Душанбе ва навоҳии вилояти Суғд, ки дар соли 2005-2006 сурат гирифт, рӯшан кардааст, ки теъдоди олудашудагони вируси норасоии масъӯнияти бадан дар миёни гурӯҳҳои мухталифи осебпазир, аз ҷумла дар миёни мӯътодоне, ки аз сӯзандору истифода мекунад 15,8%, маҳбусон - 6,2%, танфурӯшон- 0,7% ва муҳоҷирони корӣ - 2,2 дар сад мебошанд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, шумори мубталоёни ин беморӣ дар миёни занҳои ҳомила, дар соли равон нисбат ба соли гузашта 5 дар сад афзудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG