Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзодаи Бритониё дар Тоҷикистон


Шоҳзода Эндрю, Герцог Йорк дар маросими ифтитоҳи бинои сафорати Бритониё дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки бо кушоиши бинои нави сафорат ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бритониё тавсиа хоҳад ёфт. Шоҳзода Эндрю дар маросими ифтитоҳи сафорати нави Бритониё гуфт:
«Ин сафоратхона дар ин ҷо ҳамкориҳои Тоҷикистону Бритониёро беҳтар хоҳад кард ва ривоҷ хоҳад дод.»
Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ифтитоҳи бинои нави сафорати Бритониё дар Тоҷикистонро табрик намуд ва гуфт, "аз замони шурӯъи равобити Бритониёву Тоҷикистон бо пуштибонии ин кишвари ғарбӣ дар Тоҷикистон чандин корхонаҳои муштарак фаъол шуданд, аммо ба сурати умум мизони ин ҳамкориҳо қонеъкунанда намебошад. Ифтитоҳи сафорати нав дар роҳи рушди ҳамкориҳои дуҷониба фоли нек хоҳад буд."
Нахуст сафорати Бритониё дар Тоҷикистон дар моҳи декабри соли соли 2000-ум ба фаъолият шурӯъ карда буд. Шоҳзода Эндрю пеш аз ширкат дар расми ифтитоҳ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дидору гуфтӯгу кард. Қарор аст, рӯзи шанбе Шоҳзода Эндрю бо раҳбарони руҳонии шаҳри Қурғонтеппа дар масҷиди шаҳр мулоқот намояд. Дар ин мулоқот имомони масоҷид роҷеъ ба нақши ислом ва вазъи ислом дар ҷомеаи Тоҷикитони баъд аз суқути шӯравӣ маълумот хоҳанд дод. Сипас шоҳзода Эндрю бо намояндагони мазҳабҳои дигаре, ки дар ин минтақа фаъолият доранд мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин дар доираи сафар Шоҳзода Эндрю аз ноҳияи Ҷомии Хатлон дидан намуда, бо намоишгоҳи ҳосили дасти созмонҳои ғайридавлатии ин ноҳия, ки аз ҷониби Бритониӣ маблағгузорӣ мешаванд, ошно хоҳад шуд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG