Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То анҷоми даври аввал се бозӣ монд


Нарзуллоҳи Латиф

Тими футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шаҳри Душанбе бар тими мизбон -СSКА бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуд. Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи «Вахш»-ро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо 19 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор гирифтааст. Ва аммо «Вахш» нисбати пешсафони ҷадвал - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ҳар кадом дар 11 дидор 25-имтиёзӣ ба даст овардаанд, ду бозӣ камтар анҷом додааст. «Вахш» дар ду бозии охирини давраи аввал рӯзи 9 июл дар меҳмонӣ бо «Саройкамар»-и Панҷ ва 11 июл дар майдони худ бо «Динамо»-и Душанбе рақобат мекунад.

«Хима»-и Душанбе бо 24 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад ва ин даста имкон дорад, дар сурати пирӯзӣ дар бозии охирини худ бар тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ғолиби давраи аввали мусобиқот шавад. СSКА бозиҳои давраи аввалро ба анҷом расондааст ва бо 21 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад.
Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ, ки даҳ гол задааст, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» бо нӯҳ гол дар ҷойи дуввум аст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 6 июл
Б Ғ М Б Т И
1. «Регар» ТадАЗ 11 8 1 2 28-8 25
2. «Парвоз» 11 8 1 2 18-10 25
3. «Хима» 10 7 3 0 28-8 24
4. СSKA 11 7 0 4 16-15 21
5. «Вахш» 9 6 1 2 11-7 19
6. «Хуҷанд» 11 4 3 4 12-13 15
7. «Тоҷиктелеком» 10 4 1 5 14-13 13
8. «Саройкамар» 10 3 2 5 16-21 11
9. «О.Каримзод» 11 2 3 6 13-15 9
10. СКА «Помир» 11 1 3 7 10-22 6
11. «Ориёно» 11 1 2 8 9-23 5
12. «Динамо» 10 0 4 6 6-26 4
XS
SM
MD
LG