Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бубахшед, қатли шумо иштибоҳ буд."


Коргардони барнома Салими Аюбзод Дар гиромидошти хотираи онҳое ки зимни иштибоҳ ва ғалат, танаффури сиёсӣ ё хусусӣ, камбуди ҳимояти ҳуқуқӣ, худсарии додситонҳову додгустарҳо ҳукми қатл гирифта, эъдом шудаанд. Ва бо орзуи лағви ҳукми қатл дар сартосари ҷаҳон.

КУШТОРЕ ДАР ТЕКСАС

Ин барномаро на бо пешгуфторҳои одатӣ, балки бо як порча садо шурӯъ мекунем. Тасаввур кунед, як дӯкончаи хурдро, ки асосан ба фурӯши бархе аз анвоъи ғизо ва нӯшоба машғул аст.
Ин дӯконча рӯзона серодам аст, вале дар ин пайти шомгоҳони зимистон, дар соати ҳашти бегоҳ касе ин ҷо нест ва фурӯшанда, духтари ҷингиламӯйи хандонрӯ аз интизорӣ хаста шудаву ба фикри ин аст, ки дарро бубандад ва аз кӯчаи пурбарфу нофорам ба хонаи гарми худ равад. Вале ин дам фоҷиае рӯй медиҳад.
Марде корд дар дасташ ба дӯконча ҳамла мекунад ва дар ҳоле ки ҳамаи пули кассаро бардоштааст, рафҳоро вожгун мекунад ва духтаракро, ки паси онҳо пинҳон шуда буд, кор мезанад. Ҳама ҷо пур аз хуни лолагун мешавад. Ронандае аз берун воқеъаро мебинад ва ҳам гурехтани одамкушро ва вориди дӯкон шудаву ба полис хабар медиҳад. На ончи мегӯям, филми детектив ё достони хаёлӣ нест, балки рӯйдодест дар шоми сарди ҷумъаи 4-уми феврал, соли 1983, дар Тексаси Иёлоти Муттаҳида. Он шаб Ванда Лопез, фурӯшандаи дӯконча кушта ва бо айбномаи қатли ӯ, ҷавони 21-сола Де Луна боздошт шуд. Баъдаш чӣ иттифоқ афтод, дар поёни барнома хоҳед шунид. Вале ин ҷо бояд гуфт, ки парвандаи мазкур на танҳо низоми додгустарии Иёлоти Муттаҳида, балки тамоми Амрикоро такон дод.

ҲУКМИ ҚАТЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ба гузориши Маркази омӯзиши ҳукми қатл дар Донишгоҳи Вестминстери Лондон шумори кишварҳое, ки аз куштани ҷинояткор ҳамчун ҷазо даст кашидаанд ва ё дар ҳоли қабули чунин ҳукм низ иҷрои онро таҳрим кардаанд, ба 123 адад расид ва яке аз онҳо Тоҷикистон аст. Аммо Тоҷикистон ба рӯйхати 86 кишвари комилан озод аз ҳукми қатл ворид нашудааст, зеро нагуфтааст, ки бо ҳамин аз корбасти эъдом ба куллӣ даст хоҳад кашид. Бо вуҷуди ин тасмими мақомоти Тоҷикистон ба обрӯи байнулмилалии кишвар таъсири мусбат дошт, онгуна ки дар соли 1987 Филпин айнан барои чунин амал мавриди таҳсини ҷаҳониён қарор гирифт. Аммо Филипин дар соли 1994 дубора ин ҳукмро ҷорӣ намуд, зеро ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, аз байн рафтани он сабаби афзоиши ҷинояткорӣ гардид. Акнун ҳамин ҳафтаи гузашта президенти Филипин Глория Арроййо аз нав ҳукми қатлро аз қонуни кайфарӣ берун кард ва боз табрикномаҳо ба унвони ӯ сарозер мешаванд. Оё ҳолати номуайян дар Тоҷикистон чӣ ақидаҳоеро ангезиш медиҳад ва худдорӣ аз ҳукми қатл то куҷо бебозгашт шудааст? Ин матлабро аз Абдуқаюми Қаюмзод мешунавед, агар рамзи радиоро дар паҳлуи сарлавҳа "ангушт" занед.
Ва президенти Узбакистон Ислом Каримов дастур додааст, то як гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, марҳилаҳои лағви комили ҳукми эъдом дар кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон таъин гардад.
Моҳи августи соли гузашта Каримов эълон карда буд, ҳукми қатл дар Узбакистон то аввали январи соли 2008 лағв хоҳад шуд.

ҲУКМИ ҚАТЛ ЧИСТ?

Пас аз чанд лаҳза, дар давоми барнома, хоҳед шунид, ки чандин нафар аз ҳамсӯҳбатони мо аз ҳукми қатл дифоъ хоҳанд кард ва ҳатто дар сухан ҳам бошад, розӣ хоҳанд шуд, ки агар наздикони онҳо ҷинояте карданд ва ҳукми эъдом гирифтанд, бигзор ин ҳукм амалӣ шавад. Вале пеш аз ин гуфтугӯҳо, аз пажӯҳишгари созмони Афви Байнулмилал Пирс Баннистер пурсидам, аслан чист худи ин ҳукм, чӣ маънӣ дорад?

"Ман фикр мекунам, ҳукми қатл масъалест, ки афрод бояд ба он биандешанд. Дар бораи инсоф фикр кунанд, дар бораи он ки чаро давлат бояд одамонро бикушад. Вақте ҳукумат одамонро мекушад, мегӯяд, ин корро ба хотири шаҳрвандони кишвари худ мекунад. Биноан, ин чизест, ки ҳама бояд ба он биандешанд. Ва ба фикрам, онҳо масъуланд, дар бораи ҳукми қатл худро омӯзиш диҳанд. Инро дарк кунанд, ки ҳукми қатл аз ҷинояткорӣ ҷилавгирӣ намекунад. Он ба хонаводаи онҳое ки эъдои мешаванд, чӣ қадар дарду ранҷ меорад. Бифаҳманд, ки иҷрои он дарди онҳоеро сабук намекунад, ки касе аз азизонашон дар ҷинояте кушта ё маъюб шудааст. Хуллас, бояд мавзеъ гирифт ва аз нигоҳи ман ҳукми қатл ба ягон мақсади хуб хидмат намекунад ва як навъи поймол кардани ҳуқуқи инсон аст."

Ҷаноби Баннистер, оё ба вазъи ин ҳукм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ назар доред?

"Ман фикр мекунам, тамоюл бисёр хуб аст. Ба сурати умум 125 кишвар дар сартосари ҷаҳон ҳукми қатлро дар қонун ё дар амал лағв кардаанд. Ва бархе аз онҳо дар Осиёи Марказиянд. Аз замони суқути шӯравӣ чандин кишвар иҷрои ҳукми қатлро нораво эълон карданд ва бархе ҳам батамом аз байн бурданд. Иҷрои ҳукмҳои қатл дар бахш аз ҷаҳон тақрибан ба назар намерасад ва ин хеле мавриди истиқбол аст."

Ташаккур, Пирс Банистер буд аз созмони афви байнулмилал, ки гузоришҳои марбут ба ҳукми қатлро дар кишварҳои ҷаҳон таҳия мекунад.

АЗ ДИДИ РАҲГУЗАРОН

Аёлати Оҳайо дар Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта эълон кард, дар иҷрои ҳукми қатли маҳкумон сабукӣ эҷод мекунад. Яъне мурданро ба онҳо осон мегардонад. Мавзӯъ замоне матраҳ шуд, ки Ҷозеф Кларк 90 дақиқа азоб кашид, то битавонанд, шоҳраги ӯро пайдо кунанд ва бо сӯзан заҳрро бо ин раг сар диҳанд.
Аз ин ба баъд қарор шудааст, дар ҷисми маҳкумшудаи марг пешакӣ камаш ду ҷойи ворид кардани заҳр аломатгузорӣ шавад.
Гузашта аз ин бояд чанд соат пеш аз иҷрои ҳукми қатл ин сӯрохҳо боз нигаҳ дошта шаванд.
Ҳукми қатл дар Амрико умдатан бо ворид кардани моддаи кушанда ба ҷисми касони маҳкумшуда ба иҷро мерасад. Дар бораи тарзи иҷрои он дар Тоҷикистон иттилоъи дақиқ вуҷуд надорад ва мегӯянд, кас дар як долони дароз меравад ва аз куҷое тире парида ба ӯ мезанад.
Дар давраи пеш аз боздошти иҷрои ҳукми қатл, яъне ҳанӯз се сол пеш ҷои дафни қатлшудагон ба касе гуфта намешуд ва танҳо ба хешони марҳум хабар дода мешуд, ки ҳукм ба иҷро расидааст.
Оё мардум ба чунин як падидаи ваҳшатангез чи назар доранд, аз мусоҳибаҳои ҳамнафаси мо дар Душанбе, Абдураҳими Умарзод мешунавем боз ҳам агар ба рамзи сабзи радиоча фишор оварем.

АЗ ДИДГОҲИ СИЁСӢ

Сарони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар масъалаи лағви ҳукми қатл тақрибан ҳамфикранд. Вале сӯҳбати ҳамнафаси мо Нилуфари Собир бо онҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди як ҳамсозӣ онҳо аз зовияҳои гуногун ба масъала менигаранд. Мӯсо Асозода, намояндаи Ҳизби халқию демократӣ мегӯяд, ҳукми қатл бояд боқӣ монад, аммо истифодаи он боэҳтиёт бошад. Касе ки гуноҳи худро фаҳмидаву пушаймон шудааст, набояд ҳукми қатл бигирад, вале касе ки ба ҳеч ваҷҳ ислоҳ нахоҳад шуд, бояд аз байн бурда шавад. Намояндаи Ҳизби демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев мегӯяд, дар ҳоле ки аз вазъи бади маҳбасҳо одамон дар он ҷо мефавтанд ё кушта мешаванд, лағви ҳукми қатл маънии муҳими худро аз даст медиҳад. Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин аст, ки ҳама гуна ҳукм, аз ҷумла ҳукми ҳабси абад, бояд ҳадафи тарбиявӣ дошта бошад. Намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ҳукми қатл бояд пурра лағв гардад, зеро ҳар инсон ислоҳшаванда аст.

ҚАТЛҲОИ ИШТИБОҲӢ

Барномаро аз он сар карда будам, ки бо айбномаи ҳамла ба фурӯшгоҳ ва қатли ваҳшиёнаи фурӯшанда Ванда Лопез дар 4-уми феврали соли 1983, дар Тексаси Иёлоти Муттаҳида, ронандаи мошини боркаш Карлос Де Лунаи 21-сола боздошт шуд.
Шоҳидон гувоҳӣ доданд, ки маҳзу ӯ ба фурӯшгоҳ ҳамла кардааст. Аммо аҷиб буд, ки дар либоси ӯ осоре аз хун дида намешуд. Вале аз ҷайбаш 148 доллар ёфтанд, ки шояд даромади онрӯзаи дӯкончаи нӯшоба буд.
Ба зудӣ Де Луна ҳукми қатл гирифт ва соли 1989 ин ҳукм ба иҷро расид, аммо баъд аз 16 сол маълум шуд, ки вай комилан бегуноҳ будааст.
Ду хабарнигори нашрияи Чикаго Трибюн исбот карданд, ки боздошт, айбнома ва қатли Де Луна иштибоҳ буда, қотили ҳақиқӣ Карлос Ҳернандез боз чандин сол дар озодӣ гашт ва чандин одамро ба қатл расонд, чи қадар ғоратгариҳо кард ва соли 1999 дар як тирандозӣ бо полис кушта шуд.
Вале гуноҳи Де Луна чӣ буд, мепурсад нашрия ва касе ҳанӯз посух надодааст.
Ва як илова.
Дар соли 2005 дар ҷаҳон 2 150 нафар ҳукми қатл гирифта, ин ҳукм ба иҷро расидааст.
XS
SM
MD
LG