Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни озодии иттилоъот чист?


утоқи хабари Озодӣ Қонуни Озодии Иттилоъот, ки пояи озодии матбуъот ва ҷомеъаи озод дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост, рӯзи чаҳоруми июл дар рӯзи истиқлоли ин кишвар чиҳилсола шуд. Ин қонун ба ҳар шаҳрванди Омрико ҳаққи дархости иттилоъе бахусус аз ҳар муассисаи давлатиро медиҳад. Яъне бино бар ин қонун шаҳрвандони Омрико метавонанд ҳатто аз CIA ё Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико дархости иттилоъ кунанд. Дар зарфи понздаҳ соли гузашта тасвиби қонунҳои мушобеҳе дар кишварҳои Урупои Шарқӣ ва Шӯравии пешин бахше аз раванди "демукротизе"-ро шакл додааст. Кишварҳое ба монанди Арманистон, Гурҷистон, Мулдовӣ, Укроин ва Румонӣ қонунҳои озодии иттилоъоти худро тасвиб кардаанд, аммо дар бисёре аз маворид, масалан, дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистону Узбакистон, ин қонунҳои тасвибшуда риъоят намешаванд ё мавриди иҷро гузошта нашудаанд.

Родю Озодӣ дар гуфтугӯе бо Стивен Афтергуд, мудири Барномаи Асрори Давлатӣ дар Федеросиюни Донишмандони Омрико дар Вошингтун аз ӯ хост, ки наҳваи кори Қонуни Озодии Иттилоъотро тавзеҳ диҳад.

СА: Қонуни Озодии Иттилоъот санадест, ки ба афрод ҳаққи дастрасӣ ба иттилоъоти давлатиро медиҳад. То замони тасвиби Қонуни Озодии Иттилоъот дар Омрико дар соли 1966 шумо метавонистед аз як ниҳоди давлатӣ дархости дастрасӣ ба иттилоъоти бахусусеро кунед, аммо ҳич навъ таъаҳҳуди ҳуқуқӣ вуҷуд надошт, ки давлатро муваззаф ба додани иттилоъоти мавриди назар кунад. Яъне Қонуни Озодии Иттилоъот акнун ба як фард, ҳар касе, ки бошад, ҳаққи қонунии тақозои дастрасӣ ба иттилоъоти давлатиро медиҳад. Ва ин як амри фавқулъода аст, ки давлатро дар баробари мардум посухгӯ мекунад. Ин қонун бахше аз демукросиро шакл медиҳад.

РО: Тасвиби ин қонун чи зарурате дошт?

СА: Ин қонун маҳсули замон буд. Ба баёне мушаххастар, маҳсули ошуфтагиҳои мудовими марбут ба ҷанги Вйетном ва бадбинии физояндаи мардум буд. Ва ин эҳсос, ки давлат бояд посухгӯи аъмолаш дар баробари мардум бошад, беш аз пеш мушоҳида мешуд.

РО: Хуб, агар фарз бар ин бошад, ки ман як шаҳрванди одии Омрикоам ва мехоҳам иттилоъеро аз як ниҳоди давлатӣ дарёфт бикунам ва дархостамро ҳам ироа кардаам, раванди дарёфти иттилоъ чи қадр тӯл хоҳад кашид?

СА: Ин нукта яке аз костиҳои ин қонун аст. Дар бисёре аз маворид дарёфти иттилоъ метавонад моҳҳо ё ҳатто солҳо тӯл бикашад. Ин раванд бештар ба моҳият ва мизони печидагии иттилоъи мавриди назар вобаста аст. Агар шумо дунболи иттилоъе мегардед, ки қобили нашру пахш аст ва маҳрамона нест, посухи ниҳодҳои давлатӣ ба дархости шумо зудтар хоҳад буд.

РО: Оё мешавад аз ниҳодҳое ба монанди Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико (CIA) ва Дафтари Федероли Иттилоъот (FBI) дархости иттилоъ кард?

СА: Бале, мешавад. Ва на танҳо метавон дархости иттилоъ кард, балки ҳатто метавон онҳоро ба додгоҳ кашид. Ва ман дар чаҳор маврид ин корро кардаам. Яке аз вижагиҳои фавқулъодаи Қонуни Озодии Иттилоъот ҳамин аст, ки он ба як фарди ҳақиқӣ ҳаққи иқомаи даъво алайҳи Ожонси Иттилоъоти Марказиро медиҳад. Албатта, ҳамеша дар додгоҳ баранда нахоҳед шуд ва ҳамеша наметавон онҳоро ба ифшои иттилоъот водошт. Вале ҳамеша мешавад онҳоро маҷбур кард, ки ба қозии додгоҳ далели ин кори худро тавзеҳ диҳанд ва бигӯянд, ки чаро он иттилоъро ошкор намекунанд. Ин аз мавориди бисёр хуби қонун аст.

РО: Мешавад пурсид, ки далели иқомаи даъвои Шумо алайҳи ожонс чи буд? Шумо чаро онҳоро ба додгоҳ кашидед?

СА: Тамоми даъвоҳои қазоии ман алайҳи Ожонси Иттилоъоти Марказӣ марбут ба будҷаи ин ниҳод буд. Мехостам бидонам, ки будҷаи солонаи ин созмон чанд аст. Дафъаи аввал, ки онҳоро ба додгоҳ бурдам, ман дар воқеъ пирӯз шудам. Соли 1997 Ожонси Иттилоъоти Марказӣ бо ифшои ин ҳақиқат мувофиқат кард ва гуфт, ки будҷаи солонаи ин ниҳод 26.6 милёрд дуллор аст. Қозии додгоҳ ҳукме содир накард, ки онҳоро ба ифшои ин ҳақиқат водорад, балки ҳамин ки ман шуморе аз масъулони ожонсро ба додгоҳ бурдам, онҳо бо ошкор кардани ин рақам мувофиқат карданд.

РО: Медонем, ки беш аз 40 кишвари ҷаҳон қонунҳои мушобеҳи озодии иттилоъоти худро доранд ва ин ки қадимитарини онҳо қонуни Суэд (Шветсия) аст. Кишвари Суэд як чунин қонунро ҳудуди 200 сол пеш тасвиб карда буд. Вале ҳоло ки суҳбат аз Омрикост, мешавад бифармоед, ки оё Қонуни Озодии Иттилоъот то кунун ба хубӣ иҷро ва муроъот шуда?

СА: Дар ҳоле ки усули озодии иттилоъот дар саросари ҷаҳон доман густарда, ба назар мерасад, ки ин усул дар Иёлоти Муттаҳида то андозае маҳдудтар шудааст. Ба хотири он ки раддабандии иттилоъот дар давраи ҳукумати Ҷорҷ Буш шадидан афзоиш ёфтааст. Бино бар тозатарин омор, тайи соли гузашта беш аз 14 милюн амали раддабандии ҷадиди иттилоъот анҷом гирифтааст, ки рақами бисёр бузург аст. Афзун бар ин, иттилоъоте, ки раддабандӣ нашуда, низ беш аз пеш зери кунтрул қарор дорад ва нашру пахши он низ мушкилтар шудааст.
XS
SM
MD
LG