Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мусобиқоти артишҳои кишварҳои ҳамсуд


Дар шашумин давраи Спартакиада ё мусобиқоти артишҳои кишварҳои узви Ҷомеаъи Муштаракулманофеъ, ки дар вилояти Самараи Русия ҷараён дорад, тими CSKA - Бошгоҳи марказии варзишии низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон низ ширкат меварзад. Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот, ки барои шашумин бор баргузор шудааст, бо ҳузури наздик ба 300 варзишгар аз Русия, Украина, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст.Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон аз 24 варзишгар иборат аст, ки онҳо дар сабқати гуштии озод, армспорт, давидан ба масофаҳои 100 ва 3000 метр, тирандозӣ аз туфангча ва автомат ширкат мекунанд. Спартакиадаи мазкур бегоҳи чоршанбеи 5 июл ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG