Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон чархболи низомии ИМА сарнагун шуд


Низомиёни ИМА мегӯянд, ки якшанбеи дуюми июл аснои суқути чархболи амрикоӣ дар ҷануби Афғонистон як узви экипаж ба ҳалокат расида, як нафари дигар захмӣ шуд. Чархболи навъи Апачӣ аз пойгоҳи низомии Қандаҳор ба ҳаво хест, вале баъди чанд дақиқа сарнагун шуд. Сабаби суқути чархбол таҳқиқ мешавад, вале ба қавли низомиёни ИМА аз эҳтимол дур аст, ки сабаби ин тасодуф оташи душман бошад.
Дирӯз бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон камаш ҳашт узви ҷумбиши Толибон ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи шанбе дар ин минтақа ду сарбози британиявӣ кушта шуданд. Дар давоми се ҳафтаи гузашта дар Афғонистон панҷ сарбози британиявӣ ба қатл расидаанд.
Мансабдорони афғон мегӯянд, ки шаби шанбе аснои як бархӯрди мусаллаҳона дар вилояти Ҳилманд 12 Толиб ҳалок шуданд.
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай вазъи амниятии ин кишварро нигаронкунанда унвон додааст.
Рӯзи якшанбе дар як мусоҳиба Ҳомиди Карзай гуфт, агар тамрингоҳҳои хориҷии ҷангҷӯён баста нашаванд, саросари минтақа ноором хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG