Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон-Тоҷикистон 4:1


Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон якшанбеи 2 июл дар бозии рафиқона бо дастаи Қазоқистон дар Алмаато бо ҳисоби калон
4 : 1 шикаст хӯрданд.
Қисми аввали бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашт. Ба вижа футболбозони тоҷик ду имкони хуби ба дарвоза ворид кардани тӯбро доштанд, вале футболбозони тоҷик онро истифода бурда натавонистанд.
Тавре ки баъди анҷоми бози Шариф Назаров –сармураббии дастаи Тоҷикистон низ таъкид намуд, агар онҳо тӯбро ба нишон мерасониданд, шояд бозӣ бо тарзи дигар идома мекард. Баръакс ҳуҷуми футболбозони қазоқистонӣ дар худи қисми аввал бобарор анҷом ёфт ва Нурбул Ҷумусгалиеву Александр Фамилсев ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон ду тӯб заданд. Дар қисми дуввуми бозӣ низ бартарии футболбозони қазоқистонӣ ба мушоҳида мерасид ва дере нагузашта Александр Кучма ҳисобро ба 3 :0 расонд. Футболбозони тоҷик ҳам чанд ҳуҷуми ҷавобӣ ташкил карданд,ки дар яке аз онхо тӯби баргардондаи дарвозабони дастаи соҳибони майдон ба Қобил Саидов бархӯрду ҳуҷумгари тоҷик онро ба дарвозаи холӣ равон кард.
Дар охири бозӣ низ ба футболбози қазоқ Мурод Тлешев муяссар шуд, ки ҳисобро ба 4 бар 1 расонад. Ин бозиро дар варзишгоҳи бузурги Қазоқистон ба ҷузъ мухлисони қазоқ хамчунин шумораи зиёди ҳаводорони футболи тоҷик низ тамошо карданд. Турақул Саъдуллоев як тан аз мухлисони точик мегӯяд, ки ҳарчанд онҳо ҳадди ақалл натиҷаи мусовиро интизор буданд, вале боз ҳам чандон аз бозӣ ғамгин нестанд.
"Мо ба он умед омада будем, ки ақаллан бозӣ мусовӣ шавад ва мо он бозиеро, ки интизораш будем, надидем. Вале ба ҳар ҳол чун футболбозони тоҷик як гол заданд, хурсандем!"
Ба андешаи мухлиси тоҷик ба футболбозони қазоқ таҷриба ва албатта хонаи хеш кумак намуд.
Шариф Назаров сармураббии дастаи Точикистон ҳам иқрор шуд, ки дастаи мунтахаби Қазоқистон назар ба мунтахаби Тоҷикистон ҳам дар ҳаракат ва ҳам дар ташкили бозӣ бартарӣ доштанд. Аз сӯи дигар дастаи Тоҷикистон ғолибан аз футболбозони ҷавон иборат буд, ки нарасидани таҷрибаи бозӣ ҳам ба натиҷаи он таъсир гузошт.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG