Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои Рӯзи ваҳдат


Бино ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, довари ин мусобиқа дар рақобатҳо паҳлавонон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат доштанд ва, бахусус гуштигирони машҳур Парвиз Собиров, Рауф Ҳикматов, Неъматулло Асронқулов ва Шералӣ Бозоров маҳорати баланд зоҳир карданд. Аз ҷумла, Шералӣ Бозоров, аз шаҳри Душанбе дар сабқати ниҳоӣ бар гуштигири шаҳри Турсунзода Собир Акрамов дастболо шуда, бо ҷоизаи асосии мусобиқа сарфароз гашт.
Маҳмуди Абдуллоҳ, ҳамчунин хабар дод, ки дар ноҳияи Ҷиргатол мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштии миллӣ бо ширкати беш аз 70 паҳлавон аз манотиқи мухталифи ин кишвар баргузор шуд. Гуштигирони шаҳри Ваҳдат Тулқинҷон Муҳаммадқулов дар вазни 55 кило ва Ҷамшед Абдураҳмонов дар вазни 60 кило, варзишгарони Душанбе Файзиддин Саидов дар вазни 65 кило, Искандар Ҷумъаев дар вазни 75 кило, Парвиз Ҷобиров дар вазни 86 кило ва Зиёратшоҳ Баротов дар вазни беш аз 95 кило, паҳлавонони ноҳияи Ҷиргатол Одил Абдусаломов дар вазни 70 кило, Лутфуллоҳ Алиев дар вазни 80 кило ва Муҳаммадалӣ Бахтиев дар вазни 95 кило дар рақобатҳои ниҳоӣ бар ҳарифони худ ғолиб омада, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Лутфуллоҳ Алиев, ҳамчунин дар вазни мутлақ мақоми аввалро касб карда, дуввумин медали тилло ба даст овард.
XS
SM
MD
LG