Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати одамон дар ду садамаи автомобилӣ дар Тоҷикистон


Як автобуси пуродам дар роҳи байни ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор дар 25-километрии шаҳри Душанбе ба садама дучор шуда, бар асари ин ҳодиса 3 нафар кушта ва наздик ба 20 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи хабари дигар бар асари садамаи як автобус дар шоми душанбеи 26-уми июн шаш сокини ноҳияи Конибодом, чаҳор мактабии синфи даҳ, як кишоварз ва як донишҷӯи омӯзишгоҳи ин ноҳия ҳалок шудаанд. Абдуллоҷон Норов, корманди Ситоди ҳолатҳои изтирорӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки садамаи автобус бо 31 талаба ва муаллими шаҳри Конибодом дар минтақаи кӯҳдомани Шаҳристон, тахминан 130-километрии Хуҷанд рух додааст. Хонандаҳои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13$и ноҳияи Конибодом бо муаллимон ва рафиқони худ ба минтақаи Шаҳристон барои истироҳат рафта, ҳангоми бозгашт дар кӯҳдоман автобуси онҳо аз роҳ берун рафта, ба ҷарӣ сарозер шудааст.
XS
SM
MD
LG