Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи мусолиҳаи Ироқ


Интизор меравад, ки ин ҳафта намояндагони порламони Ироқ ба таври муфассал пешниҳодҳои Нурӣ Комил ал Моликӣ-нахуствазири Ироқро баррасӣ кунанд. Оқои Моликӣ нақшаи сулҳро дируз пешниҳод кард ва гуфт, аз ононе, ки омодаанд ба раванди сулҳ бипайванданд ва дар бозсозии Ироқ саҳм бигиранд, истиқбол хоҳад шуд, вале ононе, ки дар куштору терроризм даст доранд, ба сазои аъмолашон хоҳанд расид. Дар ҳамин ҳол, Руссия кушта шудани чаҳор корманди сафораташро, ки дар Бағдод-пойтахти Ироқ рабуда шуда буданд, то ҳол таъйид накардааст. Михоил Каминин-сухангуи вазорати хориҷаи Руссия гуфт, вазорати хориҷа ва сафорати Руссия дар Ироқ барои таъйиди ин хабар аз ҳамаи манобеъ ва роҳҳои мавҷуда истифода мекунанд. Дируз як гуруҳи муттаъаллиқ ба Ал Қоъида, ки бо номи Шурои Муҷоҳидин шинохта шудааст, гуфт, ки се нафари онҳоро куштааст ва навори видюиеро аз ҷараёни ин куштор дар сафҳаи интернетие ҷой додааст. Одамрубоён рузи чаҳоршанбе гуфта буданд, агар дар давоми 48 соъат Руссия нируҳои худро аз Чеченистон берун набарад ва зиндониёни сиёсиро аз зиндонҳо раҳо накунад, дар он сурат ин чаҳор дипломати Руссия кушта хоҳанд шуд. Ин чаҳор нафар 3-юми июн рабуда шуданд.
XS
SM
MD
LG