Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа


Имрӯз, 26-уми июн рӯзи байналмилалии ҳимоят аз қурбониёни озору шиканҷа мебошад. Доррит Рӣ Иверсен-намояндаи маркази мутолеъот ва муъолиҷаи қурбониёни шиканҷа- дафтараш дар Копенҳок-пойтахти Донморк ба родюи озодӣ гуфт, ҳоло шумораи бештари қурбониёни шиканҷа ба Ироқ, кишварҳои Ховари Миёна, Ирону Афғонистон таъаллуқ дорад. Югословии собиқ ва кишварҳои Африқоӣ низ дар ин радиф ҳастанд. СММ соли 1984 Конвенсиюни зидди шиканҷаро ба тасвиб расонд ва он соли 1986 эътибор пайдо кард. Ҳоло 141 кишвар узви ин конвенсиюн мебошанд.
XS
SM
MD
LG