Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Минск ба нишасти сарони ПАД ва ЕвразЭС


Имрӯз дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ПАД) ва созмони Ҷомиаи Ҳамкориҳои Иқтисодии АвроОсиё (ЕвразЭС) доир мешавад. Тавсиъаи ҳамкориҳо байни кишварҳои узви ин ду созмонро як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар нишасти Минск ном мебаранд. ПАД Русияву Беларус, Арманистону Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистонро дар бар мегирад. Нишасти ЕвразЭС низ сарони 6 кишвар - Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро ҷамъ хоҳад овард.

Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, дар нишасти ПАД масоили боло бурдани муассирияти ҳамкориҳои амниятӣ, истиқрори пойгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон ва ҳамчунин ташкили нирӯҳои муштараки зудамал баррасӣ хоҳанд шуд. Дар нишасти ПАД раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов низ ба ҳайси меҳмон даъват шудааст.

Дар нишасти Ҷомиаи Ҳамкориҳои Иқтисодии АвроОсиё, қарор аст, масъалаи расмӣ кардани узвияти Узбакистон ва дар таркиби ин созмон мунҳал шудани Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёи Марказӣ матраҳ шавад. Ин созмони ахир Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷики стону Узбакистон ва Русияро фаро мегирифт.
XS
SM
MD
LG