Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъол шудани коргоҳи маҳви силоҳ дар Душанбе


Рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн дар яке аз муассисоти махсуси вазорати дохилаи Тоҷикистон маросими ифтитоҳи коргоҳи маҳви силоҳҳои сабук ва анбори нигаҳдории чунин силоҳҳо баргузор гардид.
Алихон Раҳмонов -муовини вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт дар пайи ҷанги дохилаи солҳои 1992 -1997 миқдори зиёди силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ ошкор ва мусодира шуд,ки бидуни дарёфти таҷҳизоти вижа ва бунёди бинои махсус маҳви онҳо ғайриимкон аст. Оқои Раҳмонов афзуд ба манзури таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи суботи минтақа ва низ ҷилавгирӣ аз дастёбии гурӯҳҳои ифротӣ ва табаҳкор ба муҳиммот ва аслиҳа бунёди коргоҳи маҳви силлоҳои сабук ба як амри ногузир табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ дар дувоздаҳсоли охир ходимони интизомӣ ва амниятии кишвар ҳудуди 27 ҳазор мил силоҳи оташфишон, аз қабили туфангу автомат ва анвоъи мухталифи силоҳро ошкор ва мусодира кардаанд,ки бо пеш омадани шароити мувофиқ ҳамаи онҳо аз байн бурда мешаванд.
Анбори ҳифзи силоҳҳои сабук ва коргоҳи маҳви ин силоҳҳо дар вазорати дохилаи кишвар дар асоси барномаҳои муштараки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва давлати Тоҷикистон бунёд шудаанд.
Мортен Шелванд - мушовири фаннии Барномаи маҳви силоҳҳои хафифи САҲУ, ки дар ин маросим ҳузур дошт гуфт ҳарду коргоҳи кӯчак барои аз байн бурдани силоҳҳо аз Бритониё оварда шудаанд. Ҳамчунин ҷиҳати омӯзиши мутахассисини маҳаллӣ чаҳор нафар мутахассисони ҳирфаӣ аз ин кишвар даъват шудаанд ва то омода кардани мутахассисони маҳаллӣ дар Тоҷикистон хоҳанд монд. Ӯ мегӯяд: «Тоҷикистон ба масъалаи маҳви силоҳҳои ҷамъшуда бархурди муносиб кард ва аз ин рӯ мо тасмим гирифтем ҳам аз лиҳози молӣ ва ҳам аз лиҳози фаннӣ ва омӯзишӣ кӯмак кунем. Кӯмаки мо дар таҳкими амнияти кишвар ва минтақа мусоъидат хоҳад кард.»Дар ҳамин ҳол Шамсулло Қурбоналиев- ҳамоҳангсози барнома аз тарафи вазорати дохила кишвар гуфт ин коргоҳ метавонад дар як шабонарӯз то 300 мил силоҳро нобуд созад.Ва қарор аст дар соли 2007 ҳамаи силоҳҳои мусодирашуда нобуд карда шаванд.
Ба иттилои манобеъи интизомии Тоҷикистон соли гузашта дар размоишгоҳи Лоҳури вазорати мудофиаи кишвар ҳудуди бист тонна маводи мунфаҷира маҳв карда шуда буд.
Гуфта мешавад барои бунёди анбори ҳизи силоҳҳои сабук ва коргоҳи маҳви силоҳҳои мазкур Маркази Созмони амният ва ҳамкории аврупо дар маҷмӯъ 111 ҳазор евро сарф кардааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG