Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон


Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар шаш моҳи соли равон мизони сармоягузории мустақим ба иқтисоди ин кишвар дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи Абдуғаффор Раҳмонов муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли 2006 дар бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар ҳудуди 16 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим сурат гирифтааст. Ба гуфтаи муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон қисмати асосии маболиғи ворид шуда ба бахшҳои коркарди фулузот, маъодан ва истихроҷи нафти хом тахсис шудааст. Мутобиқи маълумоти вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Англия, ИМА, Юнон, Итолиё ва Австрия кишварҳои аслии сармоягузор ба иқтисоди ин кишвар дар шаш моҳи аввали соли 2006 муаррифӣ шудаанд. Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон интизор дорад дар соли 2006 мизони умумии сармоягузории мустақим ба иқтисоди ин кишвар то ба 180 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёбад. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи омори расмӣ соли 2005 мизони умумии сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо 54 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG