Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони имрӯзи футбол: нуқоти заъфу қувват


Соъати 6-и баъд аз зуҳр ба вақти Душанбе дар шаҳри Дортмунд тимҳои Того ва Суис (Швейтсария) аз гурӯҳи G ба рақобат хоҳанд пардохт. Ин дуввумин бозии тими Тогост. Ин тим дар нахустин бозии худ бо тими Ҷумҳурии Куре (Корея) бо ҳисоби 2:1 мутаҳаммили шикаст шуда буд. Дар ҳоле ки дар ҳамон рӯзи 13 июн бозии Суис бо Фаронса бо ҳисоби баробари 0:0 поён ёфт ва ба тими Суис як имтиёз дод. Аз ин рӯ акнун тими Суис дар ҷадвали G пас аз тимҳои Куре ва Фаронса ва аммо қабл аз тими Того қарор дорад. Набуди Жон Пол Абало, саркардаи тими Того ва идомаи муноқишот дар даруни ин тим ба суисиҳо умеди бештаре ба пирӯзӣ додааст.

Бозии дуввум миёни тимҳои Арабистони Саъудӣ ва Укроин дар шаҳри Ҳамбурги Олмон хоҳад буд. Дар ҳоле ки дар мусобиқоти поизи соли гузашта Укроин нахустин тими урупоӣ буд, ки муҷаввизи ширкат дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳониро дарёфт кард, то кунун бозии ин тим зоҳиран аз бадтарин бозиҳои тимҳои урупоӣ дар мусобиқоти футболи имсол будааст. Шикасти тими Укроин дар баробари Испониё рӯзи 14 июн бо ҳисоби 4:0 бозикунону ҳаводорони онро сарафканда кард. Аммо эҳтимолан укроиниҳо рақибони бозии имрӯзи худро қавитар аз рақиби қаблии худ нахоҳанд донист ва бозии беҳтаре ба намоиш хоҳанд гузошт. Аз сӯи дигар тими Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби мусовии 2:2-и худ бо Тунис нишон дод, ки метавонад аз рақибони ҷиддии дигар тимҳо низ ба шумор ояд. Ҳамон бозӣ буд, ки ба тими Арабистони Саъудӣ як имтиёз дод ва акнун он дар ҷойгоҳи бартаре нисбат ба Укроин қарор дорад.

Ва дар нимашаби имшаб (19 июн) дар шаҳри Штутгарт тимҳои Испониё ва Тунис ба масофи якдигар хоҳанд рафт. Пирӯзии пурсарусадои Испониё бар Укроин бо ҳисоби 4:0 сари ҳаводорони ин тимро ба осмонҳо суд, аммо аз сӯи дигар, бар масъулияти тими Испониё афзуд. Акнун тарафдорони ин тим интизор доранд, ки имшаб Тунис низ бо як чунин шикасте мувоҷеҳ шавад. Аммо дар ин бозӣ Сантос - муҳоҷими чирадасти Испониё ҳузур надорад. Акнун испониёҳо бо 3 имтиёз дар раъси ҷадвали H қарор доранд ва Тунис пас аз ҳисоби мусовии 2:2-и худ бо Арабистон танҳо як имтиёз ба даст овардааст.

Имшаб чи тимҳое суъуд ва кадом якеҳо суқут хоҳанд кард? Бибинему таъриф бикунем!
XS
SM
MD
LG