Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се инфиҷори хурд дар шаҳри Душанбе


Шаби гузашта дар шаҳри Душанбе се инфиҷор рух дод. Ин инфиҷорҳо дар давоми чанд соъат яке пас аз дигарӣ ба вуқуъ пайвастааст. Хабарнигорони родюи Озодӣ дар Душанбе аз маҳалли ин се инфиҷор боздид карданд ва мегуянд, дар натиҷаи ин инфиҷорҳо талафоти ҷонӣ ё молӣ ба бор наомадааст. Инфиҷори аввал тақрибан соъати яки шаб дар наздикии бинои Ройзании Фарҳангии Ирон дар хиёбони Рудакӣ, инфиҷори дуввум тақрибан пас аз ним соъати дигар дар наздикии Бунёди байналмилалии хайрияи Саид Абдуллоҳи Нурӣ-раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар хиёбони Пушкин ва инфиҷори севвум ҳудуди соъати 8-у 30 дақиқаи субҳ дар назди сохтмони маркази тиҷоратии Туркия бо номи "Кайнак" дар ру ба руи Додгоҳи Қонуни Асосӣ рух додааст. Ҳабибулло Воҳидов-додситони шаҳри Душанбе ба родюи Озодӣ гуфт, барои расидагӣ ба ин инфиҷорҳо аз ҷумлаи намояндагони додситонии шаҳр, вазорати амният ва вазорати дохилаи Тоҷикистон кумисюни вижа ташкил шудааст. Воҳидов мегуяд, ин ҳодиса ангезаи сиёсӣ надорад ва мақомоти интизомӣ ҷустуҷуи омилини инфиҷорҳоро идома медиҳанд. Вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, шояд ин инфиҷорҳоро гуруҳи наврасон анҷом дода бошанд.
XS
SM
MD
LG