Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садо ва симои воҳиди Африқо


Вазирони иттилоот ва мухобироти кишварҳои Африқо дар як ҷамъомад дар Адис Абаба тасмим гирифтанд, ки бо сармоягузории муштарак як шабакаи воҳиди радио ва телевизиони қораи Африқоро таъсис диҳанд.
Гурӯҳи коршиносон аз Миср, Найҷирия, Кения, Лесото ва Африқои Ҷанубӣ ба таҳияи асноди аввалияи ин шабака шурӯъ кардаанд ва интизор меравад, тарҳи нав дар нишасти сарони кишварҳои Африқо дар соли оянда ба имзо расад.
Қарор аст, ин радио ва телевизион бо забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, арабӣ ва португалӣ барномаву намоиш нашр карда, бар замми ахбор ба таъриху мероси фарҳангии Африқо, вазъи беҳдшт ва маъориф дар ин қора таваҷҷӯҳ кунад. Андешаи таъсиси чунин шабакаи сартосарӣ аввалин бор дар соли 2005 аз тарафи президенти Миср Ҳуснӣ Муборак эълон шуда буд.
-------------------------------------------

Додгоҳи Чин як журналисти мустақилро дар пайванд бо мақолаҳои ӯ зидди фасоду ришват ба як соли ҳабс маҳкум кард. Яке аз қаҳрамонони ӯ, намояндаи ҳукумати маҳаллӣ дар Лонг Ҳуй журналист Янг Ксяодингро айбдор кард, ки гӯё барои нанавиштани мақолаи навбатӣ аз ӯ 100 ҳазор доллар ситондааст. Журналист ин иттиҳомро қатъиян рад кард, вале додгоҳ ба изҳороти ду шоҳиде, ки зердасти ин корманди давлатӣ будаанд, такия карда, ӯро ба як соли зиндон маҳкум намуд.
Ҳамкорони Янг ин амалро "интиқоми мансабдорони порахӯр" унвон карданд.
--------------------------------------------
Дар рӯзҳои сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол журналистон аз Норвег, Даня ва Белгия ба он айбдор шудаанд, ки бо истифода аз санади журналистии худ кӯшидаанд, бо ситораи футбол Дейвид Бекҳем наздикӣ ҷӯянд. Тибқи хабарҳо Ида Мария Ватн аз шабакаи дуи телевизиони Норвег тавонистааст, се дафъа бо Бекҳем мусоҳиба кунад, ҳамкори худро аз Белгия айбдор кард, ки фақат ба хотири аксгирӣ бо Бекҳем ва дарёфти соядасти ӯ барои худу дӯстонаш ин футболбозро ҳадафи таъқиб қарор додааст. Ҳатто барои ҷалби таваҷҷӯҳ ин зани журналист домани хеле кӯтоҳ пӯшидааст. Ман ҳаргиз чунин кореро ба худ раво намебинам, мегӯяд Ватн.
---------------------------------------------

Ва боз дар робита ба футбол. Нашрияҳои Украина дастаи милли ин кишварро барои бохташ дар бозӣ бо Испониё бо ҳисоби 4 бар ҳеҷ таҳти танқиди оташин қарор доданд. Рӯзномаи "Мега Спорт" дар саҳифаи аввал бо ҳуруфи бузургу сиёҳ навишт "Шарм бод ба онҳо!" Дар худи мақола нисбат ба аксари бозигарон аз алфози қабеҳ истифода шуд. Рӯзномаи дигар "Сегодня" навишт, "ин бозингарон оё хоб будан ё бедор? Оё Шевченко ҳам дар майдон буд?" Мавҷи накӯҳишу дашном ҳамчунин ба сари мураббии тим Олег Блохин рехт, ки дар мусоҳибаи телевзионӣ худро масъули шикасти даста номид. Яке аз рӯзномаҳо чунин ҳамларо берун аз одоби инсонӣ номид.
XS
SM
MD
LG