Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳисор" пешсаф шуд


Тими «Ҳисор»- и ноҳияи Ҳисор дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якум садрнишин аст. Ин даста дар севвумин дидори худ бар тими меҳмон - «Зарафшон»-и Панҷакент бо натиҷаи 9 бар 1 пирӯз шуд. Ҳисориҳо, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омадаанд, бо 9 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифтаанд. Тими «Апрелёвка»-и Қайроққум, ки дар чаҳорумин дидори худ дар меҳмонӣ дастаи «Ҳулбук»-и Восеъро бо натиҷаи 4 бар 2 шикаст дод, ҷойи дуввумро ишғол мекунад. Қайроққумиҳо низ 9 имтиёз ба даст овардаанд, вале таносуби тӯбҳои ҳисориҳо беҳтар аст, бинобар ин тими онҳо боло ҷой гирифифтааст. Дастаи «Ҳулбук» бо 6 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад. Як бозии дигар миёни тимҳои шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва «Гвардия» бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. «Гвардия» бо 5 имтиёз дар мақоми чаҳорум ва «Энергетик» бо 4 имтиёз дар мақоми панҷум қарор доранд. Ҳамлагар Худойдод Нусратов, аз дастаи «Ҳисор» бо ҳашт голи худ беҳтарин нишонзани мусобиқот мебошад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 16 июн:

1. «Ҳисор» 3 бозӣ 9 имтиёз
2. «Апрелёвка» 4 9
3. «Ҳулбук» 3 6
4. «Гвардия» 3 5
5. «Энергетик» 3 4
6. «Баракат» 2 4
7. «Ҳосилот» 3 1
8. «Ҷавонӣ» 3 1
9. «Зарафшон» 4 0
XS
SM
MD
LG