Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи сафорати Русия ба эътирози мақомоти Тоҷикистон


Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба номаи эътирозии вазорати хориҷаи Тоҷикистон доир ба лату кӯби ахири донишҷӯёни тоҷик дар Маскав посух дод. Игор Сатторов сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо баёни ин матлаб ба радиои Озодӣ гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов дар ёддошти ирсол доштаи худ дар мавриди зери зулм қарор гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми ин кишвар изҳори таассуфи ҳукуматдорон ва ҷомеаи Русияро баён кардааст: «Дар ин ёддошт моро мутмаъин кардаанд, ки ҷониби Русия ҳодисаи мазкурро таҳқиқи амиқ хоҳад кард ва дар зудтарин фурсат гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар ёддошти мазкур аз ташвиши раҳбарияти ҳукумати Русия, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҷинояткории як гурӯҳи ҷавонони миллатгаро ҳама чораҳои заруриро меандешад, аз таъсири манфии ин падида ба ҷомеъаи Русия, ки миллатҳои мухталиф дар он ба сар мебаранд, ёддоварӣ шудааст.»Дар ҳамин Хуршеди Атовулло хабарнигори тоҷик ва муаллифи чанд матлаби таҳлилӣ доир ба мушкилоти муҳоҷирини тоҷик дар Русия посухи ҷониби Русияро танҳо як иқдоми намодин арзёбӣ менамояд ва мегӯяд бо судури чунин баёнияе гумон аст ҷилави бадрафтории пулиси рус нисбат муоҳиҷирини тоҷик дар ин кишвар гирифта шавад. Хуршеди Атовулло бо интиқод аз вокуниши вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба лату кӯби донишҷӯёни ин кишвар дар шаҳри Маскав мегӯяд мақомоти Тоҷикистон танҳо ба он хотир ба ин қазия вокуниш нишон доданд,ки афроди ҷабрдида фарзандону пайвандони худи онҳо мебошанд.
Шоми 7 июни соли равон чанд тан пулиси Маскав бо ҳамла ба манзили 5 муҳассили тоҷики яке аз донишгоҳҳои пойтахти Русия ҳамла бурданд ва онҳоро зери латукӯби шадид қарор доданд.
Ду рӯз баъд аз вуқӯъи ҳодиса , шанбеи 9 июн Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли номаи эътирозие унвонии сафорати Русия дар Тоҷикистон хостори дарёфти тавзеҳоти расмии мақомоти ин кишвар доир ба қазияи иттифоқ афтода шуд.
Бароти Юсуфӣ
XS
SM
MD
LG