Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахабҳои Олмону Эквадор пешвоёни гурӯҳи "А"


Сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол бо пирӯзии соҳибони майдон мунтахаби Олмон бар Коста Рика ва дастаи Эквадор бар Лаҳистон (Полша) оғоз ёфт. Ибтидо 66 ҳазор нафар дар майдони нави футболи шаҳри Мюнхен ва садҳо миллион нафари дигар дар саросари олам ба воситаи телевизион маросими ботананаи кушоиши сабқати Ҷоми ҷаҳонии футболро тамошо карданд. Президенти Ҷумҳурии Федералии Олмон Ҳорст Кёллер дар ҳузури раиси Иттиҳодияи Байналмилалии Иттиҳодияҳои Футбол (FIFA) Йозеф Блаттер, раиси Кумитаи ташкилии Ҷоми ҷаҳонии футбол Франтс Бекенбауэр, раҳбарони чандин кишвари олам эълон кард, ки 18-умин даври Ҷоми ҷаҳонии футбол ифтитоҳ ёфт. Шоҳи футбол Пеле ва маликаи олмонии ҳусн Клаудия Шиффер Ҷоми ҷаҳониро ба стадион оварданд. Қуваозмоии Олмону Коста Рика ба таври ғайримунтазира хеле шавқовар буд. Ҳарчанд ки бозӣ бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи соҳибони майдон - дастаи Олмон анҷом ёфт, то лаҳзаҳои охир футболбозони Коста Рика ба бохт тан надоданд ва ҳозорҳо ҳаводори олмонии футболро дар ҳоли мушавваш нигаҳ доштанд.
Дар бозии дуюми гурӯҳи "А" дирӯз дар шаҳри Гелзенкирхен футболбозони Лаҳистон (Полша) ва Эквадор рӯ ба рӯ шуданд. Ин бозӣ ба мисли қуваозмоии Олмону Коста Рика шавқовар набуд, зеро ба назар мерасид, ки ҳар ду даста асабониву пурҳаяҷон буданд. Ба ҳар ҳол футболбозони Эквадор дар дақиқаи 24-ум ҳангоми вуруди тӯб бо дастон тавонистанд, ки рақибонашонро фиреб диҳанд ва ҳуҷумкунандаи онҳо К.Тенорио ҳисобро кушод.
Кӯшишҳои бардавоми футболбозони Лаҳистон ҳеҷ натиҷае ба бор наовард. Бар илова дар дақиқаи 80-ум футболбозони Эквадор ҳамлаи ҷавобии бо суръат роҳандозӣ намуда, ҳисобро ба 2 бар ҳеҷ мусовӣ намуданд.
Ҷои ёдоварист, ки футбозони ҳар ду даста баъзан дағалӣ мекарданд ва бозингарони Эквадор, ки ҳисоб ба фоидаи онҳо буд, барои кашол додани вақт чанд дафъа муҷозот гирифтанд.
Имрӯз Инглистон бо Парагвай, Тринидад ва Тобаго бо Шветсия ва Аргентина бо Кот д'Ивуар (Кишвари Соҳили Оҷ) қувваозмоӣ мекунанд.

Натиҷаҳои даври аввал дар гурӯҳи "А"
-------------------------------------------------------------------
Олмон 4
Муаллифони голҳо:
Ф. Лам 5; М. Клозе 17, 61; Т. Фрингс 87;

Коста Рика 2
П.Ванчопе 12, 73;
-------------------------------------------------------------------
Эквадор 2
К.Тенорио 24; А.Делгадо 73;

Лаҳистон 0

-------------------------------------------------------------------


Бозӣ Пирӯзӣ Бохт Мусовӣ Тӯбҳо Имтиёз
1. Олмон 1 1 4-2 3
2. Эквадор 1 1 2-0 3
3. Коста Рика 1 1 2-4 0
4. Лаҳистон 1 1 0-2 0
XS
SM
MD
LG