Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми ҳамоиши байналмилалӣ ҷойгоҳи дин дар Тоҷикистон


Нахустин ҳамоиши байналмилалии рӯҳониён, шахсиятҳои мӯътабари исломӣ ва ходимони умури дини кишварҳои Осиёи Марказӣ дар понздаҳсоли ахир ,ки дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид ,бо қабули санади ёддошти тафоҳум ба кори дурӯзаи худ хотима дод.

Абдунабӣ Сатторзода мудири шӯъбаи сиёсати хориҷӣ ва инкишофи равобити берунии иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон,ки масъулияти гардонандагии ин ҳамоишро ба ӯҳда дошт гуфт дар санади қабулшуда пешниҳодот ва мулоҳизоти аҳли нишаст ба мақомоти кишварҳои минтақа матраҳ шудааст.Оқои Сатторзода афзуд дар ин ҳамойиш бар зарурати ҳарчи зудтари ҳалли бархе аз мушкилоте,ки ба эътиқоди аҳли нишаст барои ҷомиаҳои мусалмонӣ ногузир аст, таъкид шудааст. Абдунабӣ Сатторзода ҳамчунин гуфт аҳли нишаст бар зарурати ҳамкории муштараки рӯҳониён ва ходимони умури дин ва ҳамоҳангии фаъолияти онҳо дар мубориза алайҳи хатароти ношӣ аз терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ таъкид карданд.Ба гуфтаи оқои Сатторзода густариши фаъолияти ҳизби мамнуъи Таҳрир дар минтақа боиси нигаронии рӯҳониён ва ходимони дини ислом шуда ва онҳо пешниҳод кардаанд,ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин ҳизб ҳамкории улламо, шахсиятҳои маъруфи исломӣ, ташкилот ва созмонҳои исломӣ бо мақомоти расмии кишварҳо бояд ривоҷ дода шавад.

Дар ҷараёни ин нишаст намояндаи Қазоқистон пешниҳод кардааст,ки Созмони конфаронси исломии кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ ба манзури ҳамоҳангии фаъолияти рӯҳониён ва уламои ислом таъсис дода шавад. Ба ин тартиб аҳли нахустин ҳамоиши байналмилалии рӯҳониён, шахсиятҳои мӯътабари исломӣ ва ходимони умури дини кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чунин натиҷа расидаанд,ки чунин нишастҳо дар кишварҳои дигар низ баргузор шавад. Аммо мизбони ҳамоиши навбатӣ кадоме аз кишварҳои минтақа хоҳад буд дар ин нишаст маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG