Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон дар қарни бистум" бо ҳуруфи форсӣ


Онҳое ки бо чунин унвон ошноӣ доранд, ҳатман китоби қаблии муаллифро бо номи "Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум" ба ёд меоранд. Вале худи муаллиф дар сарсуханаш ба нашри форсии китоб менависад, ҳарчанд китоби нав бар пояи ҳамин асар таҳия шудааст, аз он фарқи зиёд дошта, дар асл як асари тозае мебошад, ки бештар ба хонандагони эронию афғонистонӣ нигаронида шудааст.
Ба гуфтаи Салими Аюбзод, хидмати аслиро дар таҳия ва нашри китоби нав ходими илмии Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои иҷтимоии Нидерлонд, устод Наҷмиддини Ковиёнӣ анҷом додааст. Ковиёнӣ китобро ба алифбои ниёгон баргардон кард ва ба нукоте, ки дарки онҳо мумкин аст барои хонандаи форсизабон мушкил бошад, шарҳу тафсир навишт. Бархе аз бобҳои китоби қаблӣ густариш ёфта, бархе дигар баракс ихтисор карда шуд. Ҳамчунин веростори нашри тоҷикии китоб, устоди Донишгоҳи Миннесотаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ираҷи Баширӣ ба китоби нав сарсухани муфассале навишт, ки хонандаи порсигӯро ба мутолиаи асар омода месозад. Тақвими рӯйдодҳои муҳими таърихи тоҷикон дар садаи бистум, ки аз тарафи устод Баширӣ таҳия шуда буд, бори аввал ба забони форсӣ баргардон ва ҳамчун замимаи асар ба нашр расид.
Ба гуфтаи ноширони китоб ин асар хеле зуд дар миёни форсизабони Аврупо ва Амрико ба фурӯш рафта, аз Эрон ва Афғонистон низ фармоишҳои харид мерасанд. Баргардони китоби Салими Аюбзод ба хатти форсӣ имкон хоҳад дод, ки нашрҳои баъдинаи он дар Эрон ва Афғонистон сурат гирад.
XS
SM
MD
LG