Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти мардумшиносони Маскав дар бораи муҳоҷирoни тоҷик


Муаллифи тадқиқот Наталя Зотова-номзади илми таърих ва кормандии илмии пажуҳишгоҳи мардумшиносии Фарҳангистони Улуми Руссия, ки дар шаҳрҳои Маскав ва Самара бо 33 тан аз муҳоҷирони тоҷик дар сохтмонҳо ва бозорҳо дидор ва мулоқотҳои мустақим доштааст, мегуяд ҳайратбарангез барои ман ин буд, ки тамоми ҳамсуҳбатон соҳибмаълумот ҳастанд. Бархе аз онҳо ду донишгоҳро хатм кардаанд, вале ба далели харидор надоштани ҳунари худ, муҳоҷират ихтиёр карданд. Вай меафзояд, ин омузиш барояш ошкор кардааст, ки дар байни муҳоҷирон одамони донишманд ва мувафақ хеле зиёданд. Зотова тавзеҳ дод:

"Аз миёни онҳое, ки ман ҳамсуҳбат шудам, 3 нафар донишгоҳро хатм карданд. Яке аз онҳо ду донишгоҳ хатм кардааст. Дигарӣ аспирантура тамом кардааст. 9 нафар ҷавонон дар донишгоҳҳои Маскав ва Тоҷикистон ғоибона таҳсил мекунанд. 8 нафар донишҳои техникӣ доранд, аз қабили оҳантарош, ронандаи трактор ва ҳамшираи тиббӣ . 11 нафар мактаби миёнаро хатм карданд. Чандин зани ҳамсуҳбати ман шогирдони омузишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом будаанд, ки бо вуҷуди доштани собиқаи корӣ дар шаҳри худашон дар моҳ бист сомонӣ ва ё муъодили 8 доллар музд мегирифтаанд".

Пурсидашудагон дар посух ба саволҳои муҳақиқон сабабҳои муҳоҷирати худро ба Руссия бо ибороти зайл баён карданд. Музди кори ночиз дар ватан, дар ватан ҷой кор нест, пайдо кардани пул барои табобати хешу табори бемор, пайдо кардани пул барои арусии фарзандон. Яке аз нуктаҳои ҷолиби тадқиқоти анҷомдодаи пажуҳишгоҳи мардумшиносии Руссия ин аст, ки дар он гуфта шудааст, муҳоҷирони тоҷик аслан дар заминаи равобити хешу таборӣ, ошной ва ҳамшаҳригӣ ҷои кор пайдо мекунанд ва дар ин раванд биржаи кор ва ё квота барои ҷои кор нақше дошта наметавонад, дар ҳоле, ки идораҳои муҳоҷирати Руссия талош дорад, ба воситаи биржа ва квота муҳоҷирати кориро танзим намояд. Дар боби муносибати байни пулис ва муҳоҷирон дар таҳқиқот гуфта шудааст, сахтарин мушкили муҳоҷирон пайдо кардани сабти иқомати қонунӣ ва муносибат бо пулис аст. Дар гузориш омадааст:

"Сабти иқомат ва дарёфти тазкираи иқомат дар Руссия бастагӣ дорад ба чандин шарти муҳим, аз ҷумла доштани хешу табори наздик дар Руссия , аммо ғолибан онҳое ҳам, ки сабти иқомат доранд, аз суи пулис таъқиб ва ғорат мешаванд".

Ба эътиқоди муаллифи гузориш Наталя Зотова қонунҳои муҳоҷирати Руссия ба бозбинии ҷиддӣ ниёз доранд. Наталия Зотова гузоришро бо кумаки донишмандон, райисони ҷомеъаҳои тоҷикон ва муҳофизони ҳуқуқи тоҷик дар Маскав Тоҳир Қаландаров, ходими пажуҳишгоҳи мардумшиносии Русия, Боғшои Лашкарбек, райси созмони Нур ва Гавҳар Ҷураева-райиси созмони Муҳоҷират ва ҳуқуқ такмил кардааст. Наталя Зотова дар поёни суҳбат хабар дод,ки пажуҳишгоҳи мардумшиносии Фарҳангистони Улуми Руссия барои омузиши муҳоҷират аз Осиёи Миёна ба Руссия тарҳи нав омода кардааст ва дар рузҳои наздик гуруҳи муҳақиқон ба вилояти Астрахан сафар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG