Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одамрабоӣ ва одамфурӯшӣ барои фаҳш ва бардагӣ


Дар ин гузориш, ки аз сӯи Кондoлиза Райс, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида муаррифӣ шуд, гуфта мешавад, ҳарчанд Тоҷикистон дар заминаи муқобала бо қочоқи инсон натавонистааст меъёрҳои ҳадди ақалро ба таври кофӣ риоят кунад, аммо барои дастёбӣ ба ин аҳдоф талоши зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар ин гузориш аз таҳияи пешнависи Барномаи миллии мубориза бо хариду фурӯши инсон,ки ҳамоҳангии ниҳодҳои ин кишвар дар муқобала бо қочоқи инсонро таъмин хоҳад кард, истиқбол шуда вале ҳамзамон тақозо мешавад, ки Қонун дар бораи қочоқи инсон дар ин кишвар таҷдиди назар шавад. Аз ҷумла дар ин гузориш бар зарурати возеҳ ва мушаххас кардани мафҳуми «қочоқи инсон» дар «Қонун дар бораи хариду фурӯши инсон»-и Тоҷикистон таъкид шудааст.
Ин дар ҳолест,ки ба ақидаи масъулини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Қонуни муқобала бо хариду фурӯши инсон бо дарназардошти меъёрҳо ва конвенсиюни байналмилалӣ дар ду соли қабл қабул шудааст. Абдуманнон Холиқов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ,амният ва дифои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт мафҳуми қочоқи инсон дар қонунгузории Тоҷикистон зери таъбири хариду фурӯши инсон зикр шудааст ва ҳолатҳои гуногуни истисмор ё ба барда табдил додани инсонро дар назар дорад.
Дар ҳамин ҳол гузориши Вазорати корҳои берунаи Амрико аз Тоҷикистон ба ҳайси як манбаи қочоқи занону кӯдакон ба манзури танфурӯшӣ ба кишварҳои араб, Туркия ва Эрон ном мебарад. Тибқи ин гузориш дар соли гузашта 420 зан ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои арабӣ барои танфурӯшӣ ва ду ҳазор мард ғайриқонунӣ ба Русия ба меҳнати маҷбурӣ мунтақил шудаанд.
Гузориши солонаи департаменти давлатии Амрико ҳамкории бархе аз ходимони мақомоти интизомии Тоҷикистон бо қочоқбарони инсонро як падидаи ташвишовар арзёбӣ карда ва бозомӯзии додситонҳои ин кишвар дар таҳқиқи парвандаиҳои ҷиноии марбут ба харидуфурӯши инсонро тавсиа додааст. Дар ин гузориш таъкид мешавад,ки дар сурати рӯи даст нагирифтани иқдомоти ҷиддӣ дар муқобала бо қочоқи инсон кишварҳое, ки дар дараҷаи ду қарор доранд ба дараҷаи се яъне дар шумори кишварҳое,ки талоши мубориза бо қочоқи инсонро низ надоранд шомил хоҳанд шуд. Аммо Абдуманнон Холиқов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва дифои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд дар сурати пеш омадани зарурат имкони тағйири ҳамагуна қонун аз ҷумла қонуни муқобала бо қочоқи инсон низ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG