Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳизбҳо дар мавриди интихоботи президентӣ


Пешниҳодҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар бобати дар сатҳи баланд ва шаффофу одилона анҷом додани интихоботи президентӣ дар як нишасти намояндагони ин ҳизбҳо, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Кумисюни марказии интихоботии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон қаблан бо ҳамкории Комисюни марказии интихобот ва раъйдиҳӣ, Созмони байналмиллалии низоми интихобот ва Пажӯҳишгоҳи стротегии назди раёсати ҷумҳури ин кишвар як барнома дар хусуси такмил ва беҳтар кардани ҷараёни раъйдиҳӣ, ширкати фаъоли занон дар интихобот ва ҳузури ҳар узви хонавода ҳангоми додани раъй аз ҷумла ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар роҳи овоздиҳии хонаводагӣ таҳия шуда буд. Зеро маъмулан дар баъзеи минтақаҳои раъйдиҳӣ як нафар ба ҷои аъзои дигари хонавода овоз медиҳад. Кумисиюни марказии Тоҷикистон оид ба интихобот ва раъйдиҳӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани шароити маъракаи интихоботи моҳи ноябрӣ аз аҳзоби сиёсӣ тақозо карда буд то 5 июн пешниҳодҳои худро ирсол доранд. Ба қавли Муҳибуллоҳ Додоҷонов сардори дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва раъйдиҳӣ то кунун танҳо Ҳизби демократии Тоҷикистон назари худро пешниҳод кардааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG