Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Дар Маскав боз як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи скинҳедҳо қарор гирифт. Ба иттилоъи мақомоти ҳифзи тартибот, рӯзи шанбе сартарошидаҳои рус дар кӯчаи ба номи Академик Анохин муҳоҷири кории тоҷик Содиқ Боймаҳмадовро бо калтакҳои оҳанӣ лату кӯб карданд. Шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористони рақами яки Маскав интиқол дода шуд. Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба мо гуфт, ахиран ӯ бо ин бемористон дар тамос шуд ва иттилоъ гирифт, ки дар ин ҷо ба муҳоҷири тоҷик кумаки оҷили аввалия расониданд:

Воқеан ҳам шаҳрванди Тоҷикистон Боймаҳмадов Содиқи 35 сола дар бемористони рақами яки шаҳри Маскав табобат гирифта буд. Навбатдори бемористон гуфт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон баъди гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ ба хонаашон ҷавоб дода шудааст. Феълан пулиси Маскав аз болои ин парвандаи ҷиноӣ тафтиш мебарад ва ҷузъиёти он рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, бо иттиҳоми даст доштан дар лату кӯби муҳоҷири тоҷик толибилми яке аз мактабҳои Маскав боздошт шуда, ҷустуҷӯи шарикони ӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG