Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Русия рафт


DR

Шӯрои Федероли порлумони Русия Владимир Устинов, додситони кулли ин кишварро аз мақомаш барканор кардааст. Сергей Миронов, раиси маҷлиси улё (болоӣ)-и Русия натиҷаҳои раъйгирии намояндагонро эълом кард ва гуфт: "Аз барканории вай 140 нафар ҳимоят карданд ва касе раъйи мухолиф надод. Танҳо ду нафар аз додани раъй худдорӣ карданд. Тасмим гирифта шуд ва акнун Владимир Василйевич Устинов аз мақоми додситонии кулли Федеросиюни Русия барканор шудааст". Оқои Миронов гуфт, ки раъйгирӣ пас аз дарёфти дархосте аз Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия сурат гирифт ва ин ки худи оқои Устинов мехост аз мақомаш канор биравад. Расонаҳои Русия мегӯянд, азли Владимир Устинов аз мақоми додситонии кул як иқдоми ногаҳонист. Вай соли 2000 тавассути Владимир Путин ба ин мақом пешбарӣ ва мансуб шуд. Барканории оқои Устинов дар паи интиқоди оқои Путин аз нокомии кишвар дар набард алайҳи фасоди молӣ ва ба дунболи ихроҷи чанд мақоми ниҳодҳои интизомӣ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG