Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки охирини Кумиссиёни Аврупо ба Тоҷикистон


Кумиссиёни Аврупо имрӯз гуфт, барои кӯмак ба қишрҳои камбизоати Тоҷикистон 5 миллион евро ихтисос медиҳад. Ин маблағ барои беҳбуди шароити зиндагӣ ва беҳдоштии қишрҳои камбизоат ва тақвияти низоми беҳдоштии Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.
Кумиссиёни Аврупо гуфт, ки ин охирин кӯмаки башардӯстонаи ин созмон ба Тоҷикистон аст ва дигар кӯмакҳо барои рушду тавсиаи иқтисодӣ равона хоҳанд шуд. Дар баёнияи Кумиссиёни Аврупо, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, агарчанде ки вазъияти куллии иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беҳбуд ёфтааст, аммо камбизоатии чашмрас ва ниёзмандиҳои башарӣ ҳамчунон дар ин кишвар боқӣ мондааст.
Кумиссиёни Аврупо Тоҷикистонро фақиртарин кишвар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ номида гуфтааст, ки низоми заъифи беҳдоштӣ, адами амнияти ғизоӣ, дастрасии маҳдуд ба оби поки ошомиданӣ ҳанӯз ҳам мушкилоти гиребонгири Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG