Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби ҳамсари оянда барои Шумо


CA чӣ маънӣ дорад ва ёри худро чӣ гуна мешиноседу интихоб мекунед?

Дуруду салом ба кормандони Родиёи Озодӣ ва ҳамватанони азиз, хосатан ба хонум Грета!
Узр мехоҳам аз кормандони Родиёи Озодӣ, чунки аз хондани навиштаҳои хонум Грета нафаҳмидам: оё мавзӯъи баҳс интихоби ҳамсар аст ваё мавзӯъи ҳуқуқи зан дар ислом? Шукри Худо, ки мардуми тоҷик масеҳӣ нест - 95 дар сад. Ва чаро ҳамватани баҷуръате нест, ки аз ҳоли зан дар ин замон чизе нависад? Ин хитоб ба хонум Грета - оё ин ки зан дар ин замон ҳамаи ҳуқуқи худро дарёфт?
Боз узр мехоҳам, ки ман ҳам мавзӯъи баҳсро тағйир додам - аз ночорӣ. Ин ҷо аз пайи посух ба пурсишҳои хонум Грета нестам, чунки ӯ мегӯяд, ки аз таълимоти ислом бохабар аст! (бо кулли эҳтиром нисбати хонум Грета), агар шумо аз таълимоти ислом бохабар бошед, ин тавр ҳуҷумро аз монанди шумо бохабарон мутаваҷҷеҳ набудем. Узр.
Худованди ҷаҳон дар китоби каримаш мефармоянд: "Ва таманно накунед (бо ҳасаду адоват) мартабаеро, ки Худованд ба он неъмати бузурги дода баъзеи шуморо болои бархе, мардонрост баҳра аз меҳнате, ки ҳосил кардаанд ва занонрост баҳра аз меҳнате, ки ҳосил кардаанд. Ва суол кунед Худовандро аз фазлу бахшиданаш, ҳамоно Худо ба ҳама чиз доност" (сураи "Ал Нисо", ояи 32).
Ҳамсари ояндаи худро ба хости Худо меёбам.
Бо эҳтиром
ҳамватани шумо Аббосӣ аз хориҷ.

_______________________________________

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз!
Пеш аз ҳама дуруду сано ба Худованди ҳарду олам ва ситоишу дуруд ба Расули ӯ Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва олиҳи вассалам! Аммо баъд, ин як мавзӯе, ки Родиёи Озодӣ интихоб кардааст, басо муҳим аст, чунки интихоби ҳамсари бофарҳанг басо муҳим аст дар ҷомеъаи башарӣ. Ба фикри ман, пеш аз он ки мард хонадор шавад, бояд ҳамсари хубу бофарҳанг ҷӯяд. Барои он ки зан ин шохаи асосии ҳаёт аст, ҳамчуноне, ки Расули Худо мефармоянд: "Зан ин мадрасаест, ки шогирдон тарбият мекунад". Яъне, зан ин муаллими аввалиндараҷа аст дар ҳаёти башарӣ ва агар зан бехираду бефарҳанг бошад, насли оянда низ бе хирад ва бе маърифат мешавад. Хулоса, бояд ҳар фарди ҷомеъа ҳамсари худро донад ва пас аз он бо ӯ хонадор шавад, то ки дар оянда хушбахт шавад.
Сайид
____________________________________

Ман беш аз ҳама дар бораи ҳамсари ояндаи худ фикр мекунам. Бисёр мехостам, то бо духтаре ошноӣ пайдо кунаму ҳамсар интихобаш намоям, ки оқилаву фарҳангӣ бошад. Аммо ба ин тарзи андешаронии ман пайвандони ман, хусусан модарам розӣ нестанд. Он кас мехоҳанд, ки ман бо духтари ҳамдеҳаамон хонадор шавам. Ин хоҳиши модарам хилофи хоҳиши ман аст. Ҳарчанд дар бораи гендер андешаҳои хуб дорам, аммо мехоҳам, ки зан ҷойгоҳи худ, қадри худро фаромӯш накунад. Зан, ба ҳар навъе набошад, зан аст. Ӯ бояд соҳиби фазилатҳои хуб бошад. Масалан, аз нимбараҳна гаштани онҳо чӣ фойида аст? Ҳар касе онҳоро мебинад, албатта, тасаввур мекунад, ки ин зан ва ё духтар ба ғайр аз шавҳари худ боз бо нафаре ҳамхоба аст. Ин сиёсати ғарбиҳо аст, ки боис ба пайдо ва оммавӣ шудани амалхои номатлуб, аз қабили сексу иваз кардани зани худ бо зани дигар, ё баръакс мешавад. Барои ҳамин, ҳар кас мувофиқи табъи худ бояд ҳамсар интихоб кунад. Вақте зан шавҳар мекунад, ҳар чӣ дилаш мехоҳад аз шавҳари худ рӯёнад, на аз шавҳари дигар ҳамҷинсонаш. Барори кор орзу мекунам. Касе аз духтарони оқила, ки тоҷикиро хуб балад асту мехоҳад шавҳари рӯзноманигор дошта бошад, марҳамат нома бинависад: kayumars@mail.tj
Каюмарс
_______________________

Мисли хонум Грета тоҷикзанҳо зиёданд, ки мо дида истодаем. Фикрҳои хонум Грета ба фикрҳои он тоҷикдухтарҳое, ки дар Амрикову Аврупо бо сиёҳпӯстон хоб мекунанд, як аст ва ба ингуна шахсон шарм ва ҳаё, ки пӯсти имон аст, хос нест ва аз ин лиҳоз онҳоро мусалмон гуфтан ҳам хатост. Саломат бошед!
Кова
_________________________

Ассалому алейкум, мӯҳтарам Грета.
Вақте навиштаи аввали Шуморо мехондам, намедонистам, ки Шумо як хонум ё беҳтараш як хоҳар ҳастед.
Ончи ба саволи аввалатон вобастааст, дар ин ҷо марду зан баробаранд. Марди мусулмон низ наметавонад, пеш аз никоҳ бо ягон зан алоқаи ҷинсӣ кунад.
Ончи ба саволи дуввум вобастааст, ин баҳси калон аст, вале ин ба нафъи худи зан аст, зеро табиати зан аз табиати мард фарқ дорад. Дар баъзе ҷойҳо танҳо шаҳодати зан қабул мешавад ва шаҳодати мард тамоман қабул намешавад.
Агар дар ин ҷо аз назари мо инсонҳо камбудӣ дар қонуни ислом бошад, аз назари гузорандаи ин қонун ҳаргиз камбудӣ ва помолкунии ҳуқуқи зан ҳисоб намешавад, инчунин мо вақте қонуни ислом дар бораи занро бо дигар қонунҳои мавҷуда муқоиса кунем, бартарии қонуни исломро эҳсос мекунем.
Дар ҳамин ҷо як чиз ба хотирам омад. Ду рӯз пеш ман хондам, ки як ҳизби нав, номаш дар хотирам намонд, даъво кардааст, ки секс ва порнографияи кӯдакони ноболиғи то 12-сола қонунӣ шаванд. Ин дар ҳоли ҳозир замири ғарбиҳоро такон дода бошад ҳам, бовар дорам, дар солҳои оянда чизи оддӣ мешавад, Шумо чӣ фикр доред?
Дар ислом зан, модар ё хоҳар, хола ё амма ё ҳамаи инҳо дар як вақт ва ҳамаи инҳо аз ҷониби марди солим мавриди эҳтиром қарор мегиранд.
Дуруст гуфтед, дар Тоҷикистон шароит барои омӯхтани адабиёти исломӣ муҳайё нест ва сабабаш ҳам мумкин ба Шумо маълум бошад. Аз ҷумла хате ки бо он адабиёти худро мехондем аз байн рафт ва китобу навиштаҷот низ аз байн рафт. Вале бо фазли худо ман дар хориҷ ба ислом беҳтар шинос гаштам ва забони ислом, яъне арабиро низ аз худ кардам.
Хайр бо ҳамин иктифо мекеунам, агар дароз гуфта бошам, узр мехоҳам, вале бо умеди кори хайре ман ҳар суоле, ки мехоҳед, ба қадри иститоат ҷавобашро ҷустуҷӯ мекунам ва аз Шумо ва хонандагони азиз дареғ намедорам.
Худо ҳофиз ва доимо хурсанд бошед.
Hightours
-------------------------------------

Салом ба ҳамаи шумо!!!!!!
Илоҳо дар зиндагӣ ҷуфти худро ёфта хушбахтарини ҷаҳон шавед.
Бону Бобоева
--------------------------------------

Бо арзи салом ва хаста набошед хидмати дӯстон ва кормандони радиои Озодӣ. Ҳақиқаташ ин аст, ки ман мехостам ба Грета аз Юнон шахсан посух диҳам. Албатта, агар аз назари Шумо ишкол надошта бошад. Агар мешуд ман аз Шумо хоҳиш доштам, ки е_майлашро ба ман равон кунед, бо адреси ман.
Бо ташакур дӯст ва бародари Шумо
Мирзоев Далер аз Португалия

Аз Озодӣ: Дӯсти азиз Далер, ин кор танҳо бо ризоияти худи Грета имконпазир аст. Ва шояд беҳтар бошад, Шумо адреси электронии худро ин ҷо нависеду он кас, агар хостанд, ба Шумо нома фиристанд.
-------------------------------------

Аз Ҳайратзода ҳайратам меояд.
Охир худи паёмбар Муҳаммад (с) чанд ҳамсар дошт? Пас хулафо ва мардони дигари мусулмон аз кӣ пайравӣ карданд?

Як пурсиши дигари шахс аз Шумо дорам. Агар ҳамсаратон аз Шумо бузургтар бошад чӣ? Имрӯзҳо дида мешавад, ки бештари мардон занҳои ҷавон мехоҳанд, ки як одати асримиёнагӣ ва кӯҳнашуда мебошад. Занҳои калонсолтар низ зан ҳастанд ва чи басо метавонад муаллимини хубе ба шавҳарҳои ҷавон, вале камтаҷрибаашон бошанд.
Бо эҳтиром ва дилтангӣ аз танҳоӣ
Грета аз Юнон
------------------------------------

Хонум Грета,
Агарчи бо шумо сад дар сад розӣ нестам, вале дуруст мегӯед, ки зану мард бояд баробарҳуқуқ бошанд. Ҳар он чӣ аз рӯи дин мегӯянд, ба фикрам, аз бесаводии мардум аст. Солиёни пеш хулафо барои беҳдошти зиндагии ҷинсии худ бисёртар зан гирифтанду баробар ба ҳамон навиштаанд, ки ин ҳадис аз паёмбар омадааст. Ҳарчанд ин фикри ман ҳам метавонад, нодуруст бошад, аммо аз он афсонае ки дигарон аз ҳадисҳо овардаанд, мантиқан хеле созтар аст.
Доир ба он ки ман киро мехоҳам ҳамсари худ интихоб кунам, гуфтаниям, онеро ки рӯшанфикр бошаду солимақл, зебо бошад ҳам бад нест. Тавонад ба ман меҳр бандад ва пас аз он ки меҳр монд, боварӣ дошта бошад. Ман низ инчунин.
Аслан ин як суоли мураккаб аст.
Бо эҳтиром
Ҳайратзода.
--------------------------------------

Ба ҳамватан.

Матлаби асосии ман ин аст, ки чаро зан наметавонад, талаботи табии худро ҳамон тавр ки мардҳо мекунанд, қонеъ гардонад? Бояд ки алоқаи ҷинсӣ барои занҳо низ пеш аз никоҳ кори маъмулӣ бошад. Вагарна гилагузорӣ аз ҳоли мардҳо шурӯъ мешавад, чӣ гуфтед?

Мавзӯъи бисёрзанӣ ва сершавҳарӣ баҳси дигар аст. Мутманинам, ҳар шахси солимақл фақат бо як ҳамсар зиндагӣ мекунад ва доштани хонаводаи устувор орзуяш аст.

Вале ончи дар Силом гуфта шудааст, ба фикри ман, хеле поймолкунандаи ҳуқуқи мо, занҳост.Ман аз адабиёти исломӣ ба таври кофӣ баҳра бурдаам ва ҳатто фикр намекунам, ингуна имкони донишандӯзии динӣ дар Тоҷикистони азизамон муҳайё бошад. Агар хостед, як мисоли дигар: Дар додгоҳ гувоҳии ду зан баробар ба гувоҳӣ додани як мард аст, чаро?
Бубинед, ки фиқҳ, яъне ҳуқуқи исломӣ низ нобаробарии зану мардро ин гуна сабт кардааст. Пас кӣ ба доди занҳо мерасад?

Грета, Юнон
-------------------------------------

Бо арзи салом ба ҳама
Дар ҷавоб ба навиштайи Гретта аз Юнон гуфтаниям. ки дини ислом ҳаргиз илм ва саводро манъ накардааст ва ҳуқуқи занон дар дини ислом пеш аз ҳама ҳифз шудааст агар шумо ҳақиқатан инро фаҳмидан хоҳед ба адабиёти ислом рӯ оваред бебаҳра намемонед.
Шумо пурсидед чаро ба мард чор зан мумкин аст ва барои зан ду шавҳар дар як вақт мумкин нест, ин қонуни худои таолост ва ҳикматашро низ ӯ беҳтар аз ҳама медонад, вале шумо агар як қалами рангинро ба дасти худ гиред ва аз он ба чаҳор рангдон ранг резед рангҳойи ин рангдонҳо ҳеч тағйир намеёбанд, ва баракс аз чаҳор қалами рангин ба як рангдон ранг резед бубинед чи ранг пайдо мешавад. Илова бар ин, ба фикрам, инсони солим фақат як падар ва як модарро мехоҳад ва ин дар кавонини ислом дар назар гирифта шудааст, дар охир гуфтаниям ки ин мавзӯи калон аст ва агар дунболи он гардед ҳатман қонеъ мегардед
Бо арзи эҳтиром
Ҳамватани шумо.
--------------------------------------

In the name of God
Бо арзи салом ва хаста набошед хидмати тамоми кормандони радиои Озоди.
Ман ташаккур ва қадрдонӣ мекунам аз так-таки кормандон ба хотири заҳматҳое ки мекашанд. Воқиан хеле хуб аст ки шумо мавзӯҳои хуберо барои ҷавонон пешниҳод мекунед.
Вақте мо ин мавзӯъҳоро мебинем маҷбур ҳастем ки ба ин мавзӯъ фикр кунем.Ман низ мисли бақияи дӯстон фикр мекунам ки дар интихоби ҳамсари оянда аввалан бояд боахлоқ бошад хушрафтор бошад нисбати шавҳар ва хонаводааш, меҳрубон бошад ва зиндагидӯстдор бошад. Хеле аз ҷавонҳо ҳастанд ки зебои духтарро милоки аввали қарор метиянд аммо ман фикр мекунам ки зебои дар зиндаги ункадр мухим не ба хотири инки бад аз як мудат зиндаги дигар мард ба зебои ун кадар таваҷҷӯҳ намекунад фақат рафтор ва кирдори ваи милок карор мегирад.Ва ман низ боз фикр мекунам ки худи духтар бояд фикр кунад ки он духтари нозпарвари модараш не як зиндаги тозаро сар ва шуруъ кардааст. Зан бояд худашро масъули зиндагӣ бубинад ва ҳамчунин бояд ҳам мард донад ва ҳам зан ки барои чӣ бояд зиндагӣ кунанд ва ҳадаф аз ин зиндагӣ чист? Мард зан мегирад ва зан шавҳар мегирад ки дар канори ҳамдигар ба оромиш расанд. Барои ҳамин интихоби ҳамсар хеле масъалаи муҳим аст ва хелеҳо ҳастанд дар ин амр муваффақ ва пирӯз нестанд ба хотири инки хуб таваҷҷӯҳ ва диққат намекунанд бил хусус дар ҷомиаи имрӯзаи мо. Барои ҳамин ман ба ҳамаи ҷавонони тоҷик пешниҳод мекунам ки рӯи ин масъала бояд хеле диққат кунанд чун зиндагӣ мисли картошка ва ҷураб нест ки фардо ва пагоҳ нахостӣ бипартоиш дур зиндагӣ як умра аст ки инсон мехоҳад як умр зери як сақф ва рӯи як болиш бо ҳамдигар зиндагӣ кунаду бо ҳам хушбахт бошанд. Агар зани ки лоиқашро дошта бошад ва зиндагифаҳм бошаду ва дар зиндагӣ бо ҳам интимод ва бовар дошта бошем ва ҳамдигара дӯст дошта бошем ман ҳозирам ҳар кори барояш бикунам.чун зани хуб ва бо имон метонад фарзандони хуб ва насли муфид барои ҷомиа таҳвил диҳад.
Бо эҳтироми фаровон
Мирзоев Далер аз Португалия.......
---------------------------------------

Ба номи худованди меҳру сухан.
Аз нигоҳи ман, меҳвари аслии интихоби ҳамсар дар фаҳмидани ҳамдигарист.
Яъне зану шавҳар бояд дар тамоми заминаҳо ҳамфикр бошанд, то дар оянда битавонанд, фарзандони нек ва ватанпараст ба воя расонанд.
Бадбахтона, имрӯз ҷавонон дар интихоби ҳамсар камолот ва шоистагӣ нишон намедиҳанд.
Онҳо аксаран, аз пайи чизҳое ҳастанд, ки дар оянда байни ин хонаводаҳо мушкил ба вуҷуд меорад.
Наврӯзшоҳ аз Душанбе
----------------------------------------

Дӯстон, аз баҳс хеле хушам омад, вале кору пайкори ман ин ҷо дигар аст:

Ҳамсари ҳаётӣ меҷӯям!!!

Талаботҳо:
- миллат: Тоҷик, беҳтар аст шаҳрнишин бошад
- синнусол: то 24-сола
- маълумот: олӣ, беҳтар аст дар соҳаи илмҳои дақиқ бошад, донистани забонҳои хориҷӣ ба манфиати кор аст.
- ҳусн: зебо бошад.
- вазъи молӣ: имкони мустақилона идора кардани молу мулки шахсӣ ва ҳисси ҷавобгарӣ аз амволи муштарак дошта бошад.
- дин: муҳим нест.
- таҷрибаи зиндагӣ: дар пухтани хӯрокҳои миллӣ бомаҳорат, дар вақтҳои холӣ машғул шудан бо мусиқӣ, рассомӣ ва монанди ин ва муҳимтар аз ҳама мустақил бошад, яъне имкони зистани дур аз наздиконашро дошта бошад.

Ҳар кас аз занҳои тоҷик (духтар буданаш муҳим нест) ҷавобгӯи ин талабҳост ба нишонии neo_tadschik@web.de паём бифиристад. Он вақт ман низ дар бораи худ гуфта метавонам ва худро ба шартҳои ӯ низ меозмоям.

P.S. Аз дигарон хоҳиш мекунам, агар ин кори ман барояшон писанд набуд, ҳамвора ба ҳаёти шахсии ҳамдигар дахолат накунанд.

Тандурустӣ,
Диловар аз Ҳанновери Олмон
--------------------------------------

Ба духтарони тоҷик ман имрӯз ҳайронам, барои чӣ барои он, ки онҳо имрӯз тақлиди кӯр-кӯронае мекунанд ба аврупоиҳо. Ба духтари тоҷик намезебад, хушрӯй нест ҳамон либоси миллӣ ин ҳол моро ҳушдор месозад, ки ҳамсари ояндаро хуб фикр намуда интихоб намоем, зеро баъзеи онҳо хиёнаткор ҳам мешаванд.
Шероз
--------------------------------------

Салом дӯстон!
Дар ҳақиқат ҳам мавзӯъ муҳим ва шавқовар барои ҷавонон аст. Ман аз таҷрибаи 2-солаи хонадоршавии худ гуфта метавонам, ки ҳар мард пеш аз ҳама бояд ба софдилӣ (то ки бадӣ накунад ба касе), хушрафторӣ (то ки зиқ намонӣ), зебоӣ (то ки аз насли ояндаат фахр кунӣ) ва дониш (то ки барои ёфтани ҳақиқат дар зиндагӣ кам-кам баҳс намоӣ) духтаре, ки ба зани интихоб карданӣ мешавад, ба назар гирад.
Ба ғайри ин боз мард ҳатман бояд аз ҳама ҷиҳат мустақил бошад, то барои пеш бурдани ҳаёти оилавии худ аз касе вобаста набошад ва инчунин падару модарро розӣ карда тавонад, то ки дар ҳаёти ояндаи онҳо мамоният эҷод накунанд, ки махсусан дар давраҳои аввали хонадоршавӣ боиси зуд ҷудошавии ҷавонон гаштанаш мумкин аст.
Ман шахсан оиларо нахуст ба хотири ошиқ шудан ба духтари соҳибҷамол ва баъдан бо шавқи ба дунё овардан ва тарбият кардани фарзанди худ ва насли пешвои миллати тоҷик, барпо намудаам ва дар ҳоли ҳозир аз ҳаёти мустақили худ бо завҷаам Мунира ва духтарчаи 11-моҳаам Манижа бениҳоят хушбахт ҳастам.
Ба ҳамагон низ ёфтани чунин хушбахтиро орзумандам.
Сиҳатманду комёб бошед!
Бо эҳтиром,
Ботур Қосимӣ
--------------------------------------

Намефаҳмам, ин мардон то чӣ андоза бераҳманд, ки динро дастак карда, ҳамаи ҳуқуқҳои табии занонро поймол мекунанд.
Чаро мардон аз занони босаводашон метарсанд? Чаро то се-чаҳор зан дошта метавонанд, вале зан фақат як шавҳар?
Чаро пеш аз никоҳ мард ҳаққи ҳамхобагӣ бо занҳои дигарро дорад, вале зан аз ин кор маҳрум аст?
Чаро???

Грета аз Юнон
------------------------------------

Ман дар Покистон таҳсили худро идома дода истодаам ва пеш аз ҳама зани имондорро тарафдор ҳастам, баъд ҳамааш мешавад.

Нуруллоҳ
-------------------------------------

Салом бародарони азиз.
Шояд ин суол барои зандорҳо аҷоиб набошад, вале чӣ тавре ки мегӯянд: "Корро аз кордида пурс".
Инсоне, ки занро барои зебоияш ихтиёр мекунад, пас аз чанд сари сол пажмурда мешавад.Ва ҳар ки занро барои молаш ихтиёр мекунад, шояд муфлис шавад ва дигар миқёсҳо дар баробари ДИН ночиз ҳастанд. Пас зани диндорро ихтиёр кун, дар сахтӣ дастёр, дар мусибат ғамхор ва дар хурсандиат шод мешавад.

Ҷафари Панҷӣ
--------------------------------------

Чӣ хуш бе меҳрабунӣ ай ду сар бӣ,
Ки як сар меҳрабунӣ дарди сар бӣ.
Агар Маҷнун дили шӯридае дошт,
Дили Лайлӣ аз ӯ шӯридатар бӣ.
Сапем
--------------------------------------------------------

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз. Илова ба гуфтайи Абдулманнони Қаюмзод гуфтаниям, ки ин ҳадиси Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам давом дорад. Паёмбар (с) дар ин ҳадис фармудаанд, ки "умуман занро баройи чаҳор чизаш ҳамсар мегиранд, барои молаш, барои ҷамолаш, барои насабаш, барои динаш. Шумо ба соҳиби дин, яъне диндор зафар ёбед, вагарна ноумед мешавед" Яъне, пеш аз ҳама шумо ба диндории духтар нигоҳ кунед, зеро дигар чизҳо ба кор намеоянд, албатта, ин барои касест, ки худ диндор аст ва мехоҳад аз пушти ӯ фарзандони солим ва диндор ба дунё оянд.
Дар охир барои ҳама дар ин ҷода муваффаҳиятҳои бузург орзу дорам.
Ҳигтиюрс
-----------------------------------------------

Ассалому алайкум, кормандони Родиёи Озодӣ ва хонандагони гиромӣ.
Албатта, оила бунёд кардан як суннати илоҳӣ аст, ки Худованд барои мо муҳайё сохтааст. Ва никоҳ ё ҷамол дар Ислом ҳамчун воситаи хотирҷамъии рӯҳ ва фароғати қалб баҳо дода мешавад.
Қуръони Карим муносибати табии миёни марду занро басо ҷолиб шаҳр додааст, ки гӯё оромӣ ва бехатариро тасвир менамояд: "Ва аз нишона ва муъҷизаҳои Худованд аст, ки барои шумо аз ҷинси шумо ҳамсарон офарид, то ором ва осоиш бигиред ва байни шумо муҳаббату раҳмдилиро барпо бошад".
Аммо дар бораи ихтиёри ҳамсар бояд инсон кушиш кунад, ки ҳамсари хушахлоқ ва диндору солеҳа пайдо кунад.
Дар ин ҷо мехостам охири ҳадисеро, ки бародар Абдулманон зикр кардааст, бароятон нависам.
Паёмбар мегӯяд, "Ҳамсар ихтиёр карда мешавад ба чаҳор чиз - барои молаш ва насабаш ва ҷамолаш ва динаш. Кушиш намо, ки соҳибдинро пайдо кунӣ, то ин ки комёб ва хушбахт гардӣ.
Ин ҳадиси Паёмбари Худо аст, ки молу зебоӣ муҳим нест, вале зани солеҳа ва соҳибдин агар ҳамсар бошад, хушбахт мешавӣ.
Дар ҷойи дигар Паёмбар (с) мефармоянд:
"Оё туро аз хубтарин чизе, ки мард барои худ ҳифз ва нигоҳ медорад, хабар кунам? Зани солеҳа ва соҳибдин. Вақте, ки ба ӯ нигоҳ кунад хушҳол мешавад ва вақте ки аз ӯ чизеро талаб кунад, ӯро итоат мекунад ва вақте, ки дар хона набошад, ӯро муҳофизат мекунад (яъне, зан молу мулк ва нангу номуси мардро муҳофизат мекунад)".
Пас, умед ҳаст, ки ҷавонон беҳтарин ҳамсар ва муносибтарин занро ихтиёр кунанд ва дар айни ҳол онҳо ҳам беҳтарин шавҳар бошанд ва ҳуқуқи занҳоро низ мувофиқи дини Ислом риоя кунанд.
Худо ҳофиз!
Салим аз Душанбе
------------------------------------------------------

Бо салом!
Ман ҳам хело хушнудам аз ин мизи гирд.
Ба фикри банда, беҳтарин зан зане ҳаст, ки муҳаббаташ бештар ва маҳраш камтар бошад.
Алиҷон аз Эрон
------------------------------------------------------

Салом хонандагони сайти Родиёи Озодӣ!
Бисёр мавзӯъи ҷолибро ихтиёр кардаед. Ташаккур барои интихоботи ин мавзӯъ.
Аввал ҳадиси Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ҳаст, ки мегӯяд: "Беҳтарин зан занест, ки сӯяш нигоҳ кардӣ, табассум кунад ва аз хона рафтӣ, хиёнатат накунад». Паёмбар (с) гуфтааст, занро аз рӯи молаш, насабаш, ҷамолаш ва динаш ихтиёр мекунанд ва ё никоҳ мекунанд. Ва дар охири ҳамин ҳадис Ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯяд, "зафар меёбӣ агар зани соҳибдину имонро ихтиёр намоӣ". Албатта, гуфтаи Паёмбар (с)дуруст аст, чунки ҷамол ва зебоӣ, мол ва насаб аз байн раванда аст ва аммо дин ва ақлоқи накӯ, тарси Худо аз байн намеравад. Агар ҷавонони мо сифати динро дар зан бештар тарҷеҳ диҳанд, оилаи мустаҳкам ва хушбахт бунёд мекунанд.
Ва агар дар мард ҳам агар сифати диндорӣ ва ахлоқро занҳо тарҷеҳ диҳанд, авлотар аст. Чунки агар мард аз Худо натарсад, занро зулм мекунад. Чм хеле, ки мегӯянд, аз касе битарс, ки натарсад аз Худо!
Бо эҳтиром,
Сайиди Хатлонӣ

----------------------------------------------------

Ман то ҳанӯз оиладор нестам ва шитоб кардан низ намехоҳам, зеро интихоби ҳамсар ин рӯзгори як ҳафтаву як моҳа нест, бо ҳамсар мебояд тамоми умр зист ва боз фарзандони солеҳро тарбия намуд. Аз ин рӯ, аз тамоми ҷавонон хоҳиш, ки барои интихоби завҷаи хубу порсо вақташонро дареғ надоранд ва ба саросемагӣ роҳ надиҳанд!
Бо эҳтиром Муним
---------------------------------------------------

Ҳамсари оянда бояд зебо бошад, зебо бошад!
Тоҷик
---------------------------------------------------

Салом!
Зане бояд гирифт, ки аз ҳама лиҳоз муносиб бо ҳам бошед.
Донишҷӯ
----------------------------------------------------

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
Ассалому алайкум, бародарон ва хоҳарони азизи исломӣ!
Бале, Паёмбар (с) гуфт, ки шумо занро ба чаҳор чиз интихоб кунед. Ба фикри ман, касе, ки занро ба хотири динаш гирад, ӯ дар оянда хушбахт хоҳад шуд, барои он ки зани соҳиби дин дар оила ҳар мушкилоте, ки пеш ояд, паси сар мекунад ва эҳтироми шавҳарро ба ҷо меоварад.
Саидакобир
________________________

Ассалому алейкум.
Паёмбари худо мегӯяд, ки интихоб кунед занро барои чаҳор чиз:

1. Барои динаш.
2. Барои мансабаш.
3. Барои ҷамолаш.
4. Барои молаш.

Ин сухани расули худост, ки худо мегӯяд, вақте расули ман сухан мегӯяд, аз назди ман мегӯяд, яъне аз назди худо.
Бо эҳтиром яке аз мухлмисони шумо
Абдулманнони Қаюмзод
---------------------------------------

Вопрос довольно таки простой, если прочитатъ поверхностно. А когда задумаешься над этим вопросом, мы сталкиваемся с еще некоторыми вопросами. Наверное для выбора второй половинки надо:
1. Быть честным с самим собой.
2. Надо быть честным и открытым с ней.
3. Планировать то, что хочет каждый.
Люди всегда ищут телесную красоту и идеал в жизни: забывая о том: что идеал, которого мы ищем, является абстрактной моделю в нашем сознании. В реальной жизни мы все грешны и мы грешим почти каждый день. Но только нам надо учить уроки из этого.
Ш. Брависсимо
-------------------------------------

Ассалом ба ҳама дӯстодорони Майдони баҳс ва ташаккур аз ташкилкунандагони ин мизи мудаввари ғоибона, яъне кормандони радиои Озодӣ.
Аввалан ҳамсар як асоси зиндагист, яъне яке аз сутунҳои зиндагист, ки бе ӯ зиндагӣ мукаммал нест ва барои чӣ гуна интихоб кардани зан бояд зебоӣ ва сарват дар ҷои аввал набошанд. Зеро ҳамаи инҳо чанде баъд фано хоҳанд шуд. Беҳтарин хислату бобақотарин соҳиби дин будани ҳамсар аст. Аммо агар зан соҳиби дину соҳиби ҷамол бошад, нура алонур хоҳад буд.
Ва бояд фаромӯш накард, ки занҳо низ ҳаққи худро доранд. Дареғо, ки мо мардон чи пиру чи ҷавон ҳаққи онҳоро зерипо мекунем. Баъзан онҳоро ҳатто аз ҳаққи гап задан маҳрум мекунанд.
Ин ҷо қиссае аз ҳазрати Умар ба ёдам омад.
Марде назди ишон меравад, то аз зани худ шикоят кунад. Вақте наздики дари хонаи ҳазрат меравад, мешунавад, ки зани ҳазрат чизе мегуфту ҳазрат хомӯш буд. Ҳайрон мемонаду бармегардад. Вале ҳазрат омадани ӯро пай бурда буд ва даъваташ карду пурсид, чӣ ниёзе ӯро овардааст. Гуфт:
-- Ҳазрато, мехостам аз занам шикоят кунам, вале рафтори шумо ва оилаатонро дидаму аз райъям гаштам ва фикр кардам вақте бо шумо чунин аст, маро ҷое барои шикоят нест.
Ҳазрати Умар хандиду гуфт, бояд аз ёд набурд, ки онҳо ҳам баробари мо ҳақ доранд ва бояд ҳаққи онҳоро бишнохт.
Агар чунин ҳақшиносӣ мавҷуд бошад, интихоб хушиҳо хоҳад овард.
Бародари шумо
Аминҷон
-------------------------------------

Фикр мекунам, издивоҷ бузургтарин риски инсон дар ҳаёаш аст? Кӯшишҳои шинохти қаблӣ ва интихоб бар асоси омӯзиш гарчанде ба ҳақиқат монандӣ дорад, аз саробе беш нест.
Аҳмад
-------------------------------------

Ман 24 сол бо ҳамсарам зиндагӣ карда, ба наздикӣ ба зӯр аз ӯ халос шудам. Аз серҷоғӣи ва лаққигиаш ҷонам ба лаб омад. Акнун мехоҳам ба зане хонадор шавам, ки тамоман гунг бошад.
Р.
-------------------------------------

Аввал бар ҳамаи шумо саломи худро мехоаам бирасонам !
Ман ҳоло оиладор нашудаам, лекин ба фикри ман ки пеш аз зани худро интихоб кардан якум набояд ба хушрӯгии вай нигоҳ кунанд... дилу рафтори кирдори духтар муҳимтар аст баъд хушрӯгию зебогӣ, масалан дар Ғарб мардон аввал ба зебогӣ нигоҳ карда зан интихоб мекунанд барои ҳамин ҳам оиладории вайҳо дер давом намекунанд... Дар ин ҷо ман гуфтаниам ки пеш аз интихоб кардани зан аввал ба рафтори кирдор ва баъдан ба хушрӯгӣ нигоҳ кунед.

Диловар
-------------------------------------

Ман ҳоло оиладор нашудаам, вале ба фикрам, бонуи зиндагии ман аввалтар аз ҳама бояд зебо, босавод ва бохирад бошад. Ман бояд аввал ба вафодории вай мутмаин шавам ва у бояд донад, ки ман ҳамеша эҳтиромаш хоҳам кард.
Мӯҳсин
--------------------------------------

Очень интересный вопрос! В капиталистическом строе трудно найти не только своего второго половины, но и простого друга. Потому что в этот строе люди не могут жит без маской. То есть люди с помощи своего второго лица создадут джунгли и начинают воевать. Вот почему наши женщины (девочки) страдают от одиночество.
Пессимист
XS
SM
MD
LG