Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ - як меъмори асосии сулҳи Тоҷикистон


Бисту нӯҳуми майро ба он хотир рӯзи байналмилалии посдорони сулҳи Созмони Милал интихоб кардаанд, ки дар ин рӯз соли 1948 бори нахуст Шӯрои Амнияти Созмони Милал як ҳайъатеро барои назорати оташбас дар Фаластинро таъсис дод. Аммо масъулиятҳои Созмони Милал баъд аз ин бо назорати созишҳои оташбаси ҷонибҳои даргир маҳдуд нашуд ва тавре дар баёнияи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Анон гуфта мешавад, ҳоло масъулиятҳои ин созмон сар аз назорати оташбас то ба эҳёи кишварҳои ҷангзада вусъат ёфтааст, тавре ки дар ҷараёни сулҳи Тоҷикистон низ мушоҳида шудааст.

Аммо масъулияти таъмини сулҳ корест бисёр хатарнок ва мушкил. Танҳо дар соли гузашта 124 посдорони сулҳи Созмони Милал аз 46 кишвари дунё ҳангоми иҷрои масъулияти худ ва ё аз беморӣ дур аз ватани худ ҳалок шудаанд. Танҳо дар соли равон 32 ҳофизи сулҳи Созмони Милал ҷони худро аз даст додаанд. Феълан дар 18 амалиёти Идораи истиқрори сулҳи Созмони Милал феълан 72 ҳазор сарбоз ва 15 ҳазор ғайринизомӣ фаъолият мекунанд ва ҳамин гуна Созмони Милал бузургтарин созмон дар ҷаҳон аст, ки масъулиятҳои эҳёи баъдиҷангии кишварҳои ҷангзадаро иҷро мекунад.

Созмони Милал яке аз меъморони сулҳ дар Тоҷикистон аст, ки бо подармиёни ҷонибҳои даргирро гирди як миз нишонд ва масъалаи поён додан ба ҷангу хунрезиҳоро дар миён кашид. Аммо нақши ин меъмор дар бунёди сулҳ дар Тоҷикистон аз назари ҷонибҳои собиқи даргир дар Тоҷикистон чӣ андоза зиёд будааст.

Иброҳим Усмонов муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки қариб дар аксари даврҳои музокироти сулҳи тоҷикон ширкат дошт, гуфт, агарчӣ меъмори асосии сулҳи тоҷикон худи миллати тоҷик аст, аммо нақши Созмони Милал низ дар поён додан ба ҷанги хунбори Тоҷикистон кам нест.

Идомаи сӯҳбати Иброҳим Усмонов


Давлат Усмон аз намояндагони собиқи Нерӯҳои мухолифини собиқи Тоҷикистон низ, ки дар аксари даврҳои музокирот ширкат дошт ва ба дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нақши Созмони Милал дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон нақши калидӣ дошт, вале сулҳ бе ҷасорату ризоияти ду ҷониб сурат намегирад.

Андешаҳои дигари Давлат Усмон

Баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон дар соли 1997 Созмони Милали Муттаҳид шумораи ҳайъати нозирони худ дар Тоҷикистонро то ба 113 нафар афзоиш дод, то ки иҷрои муқаррароти ин созишномаро назорат кунанд. Дар ин ҳайъат Маъсумаи Турфа раҳбари феълии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва он замон раҳбари дафтари матбуоти Ҳайъати нозирони Созмони Милал ширкат дошт.

Хотираҳои Маъсумаи Турфа аз ҷараёни сулҳи тоҷикон

Аммо бо вуҷуди расидан ба сулҳ ва оромиш дар Тоҷикистон иддае аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарони минтақавӣ мегӯянд, ҳанӯз ҳам омилҳое ҳастанд, ки метавонанд, боиси низоъ дар Тоҷикистон шаванд.
Анна Матвеева таҳлилгари Созмони "Интернешнл Алерт" дар як пажӯҳише бо номи "Чаҳорчӯбаи стротежӣ барои таҳкими сулҳ дар Осиёи Марказӣ" мегӯяд, агарчӣ Тоҷикистон пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳкими амният даст ёфтааст, ҳанӯз ҳам мушкилоти амниятӣ боқист, ки дар сурати расидагӣ накарда ба он шиддат хоҳанд гирифт.

Эҳтимоли муноқишаи нерӯҳои сиёсӣ бо ҳамдигар вуҷуд дорад, вале мегӯяд, Анна Матвеева ин муноқишаҳо наметавонанд ба тамоми кишвар таъсир гузоранд, зеро афроди бонуфузе, нестанд, ки ҳимояти мардуми зиёдро ҷалб бикунанд. Рақобати гурӯҳҳои мухолифи сари ҳукумати Тоҷикистонро созмони "Интернешнл Алерт" аз дигар омилҳои барангезандаи ноамнӣ дар Тоҷикистон номидааст.

Дигар аз омилҳои ноамнӣ дар Тоҷикистонро созмонҳои байналмилалӣ дар тундгароии исломӣ, қочоқи маводи мухаддир ва фасодкорӣ дар ҳукумат номидаанд. Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯяд, бекории зиёд дар миёни ҷавонон, камбизоатии онҳо, ки хотираҳои ҷангро дар ёд камтар доранд, метавонад, як омили дигари ноамнӣ дар Тоҷикистон бошад.
XS
SM
MD
LG