Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми футзоли Осиё насиби Ҷопон гардид


Футзол. Тими мунтахаби Ҷопон дар ҳафтумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии футзоли Осиё дар шаҳри Тошканд соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуд. Ин даста, ки дар нимфинал бар тими Эрон бо натиҷаи 5 бар 1 ғолиб омад, дар бозии ниҳоӣ дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд бар тими Узбакистон низ бо натиҷаи 5 бар 1 пирӯз шуда, нахустин бор бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё сарфароз гашт. Дастаи Узбакистон соҳиби медалҳои нуқра гардид. Тими Эрон, ки дар ҳафт мусобиқоти пешин ғолиб омадааст, пас аз пирӯзӣ бар дастаи Қирғизистон бо натиҷаи 5 бар 3, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуд.

Тими мунтахаби футзоли Тоҷикистон, ки бо 6 имтиёз дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро ишғол кардааст, (Тоҷикистон - Ироқ : 4:2, Тоҷикистон - Ҳонконг : 6:5, Тоҷикистон - Ҷопон : 6:11) дар байни 16 дастаи ширкаткунандаи марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар ҷойи ҳаштум қарор гирифт.
9-умин давраи мусобиқоти қаҳрамонии футзоли Осиё соли 2007 дар Ҷопон баргузор мешавад.
Натоиҷи бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон - 2006

СКА «Помир» (Душанбе) 6 - 0 «Олими Каримзод» (Мастчоҳ)

CSKA (Душанбе) 0- 4 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

«Гвардия» (Душанбе) 2-2 «Ҳосилот» (Данғара)

«Тоҷиктелеком» (Қӯрғонтеппа) 0 -1 «Динамо» (Душанбе)

«Энергетик» (Душанбе) 3-0 «Ҳулбук» (Восеъ),
(натиҷаи техникӣ, «Ҳулбук» ба бозӣ ҳозир нашуд)

«Баракат» (Шаҳринав) 0 -6 «ХИМА» (Душанбе)

«Ориёно» (Душанбе) 0 -3 «Ҳисор-Алимардон» (Ҳисор)
(натиҷаи техникӣ, «Ориёно» аз бозӣ даст кашид),

«Апрелёвка» (Қайроққум) 0-2 «Саройкамар» (Панҷ),

«Ҷавонӣ» (Ваҳдат) 1 - 4 «Вахш» Қӯрғонтеппа

«Хуҷанд» (Хуҷанд) 15 - 0 «Зарафшон» (Панҷакент)

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 2-ум ва 3-уми июн доир хоҳад шуд. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2005 ба рақобат аз марҳалаи дуввуми мусобиқот шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG