Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати зиёда аз 3000 нафар дар зилзилаи Яво


Ба иттилоъи хабаргузориҳо бар асари заминларза дар ҷазираи Явои Индунезӣ зиёда аз 3000 нафар кушта ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин зилзила рӯзи шанбе дар соати шаш дақиқа кам ба 6-и субҳи вақти маҳаллӣ ба амал омад ва гуфта мешавад, нирӯи он ба 6,2 дараҷаи ҷадвали Риктер баробар будааст. Беш аз ҳама шаҳри Йокиякарта дар наздикии маркази заминҷунбӣ зарар дида, фурудгоҳи он баста мебошад.
Мақомоти ин шаҳр мегӯянд, зиёда аз 2 275 нафар дар ин ҷо ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин хабар мерасад, ки дар минтақаи Клатен наздик ба 500 нафар кушта шудааст.
Зилзила хатари "бедор шудан"-и вулқони кӯҳи Мерапиро ба маротиб бештар кард. Чанд ҳафта аст, ин вулқон дуд мекунад ва миқдоре гозу оташ меафканад, ки сабаби кӯчокӯчи аҳолӣ гаштааст.
XS
SM
MD
LG