Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шимпанзе сарчашмаи бемории Спид?


Пажӯҳишгарон баъди омӯзиши шимпанзеҳои ваҳшӣ изҳор намуданд, вируси "Эйч Ай Вӣ (HIV), ки ангезаи бемории Спид(AIDS) мебошад, аз маймунҳои африқоӣ сарчашма гирифта, дар саросари олам паҳн шудааст. Натиҷаи таҳқиқиоти пажӯҳишгарони Донишгоҳи Алабамаи ИМА, ки ҳафтаи равон дар маҷаллаи "Сайенс" нашр шуд, фарзияи чанд таҳқиқоти дигар дар ин бораро дастгирӣ менамояд. Ба фикри муҳаққиқон эҳтимол ҳангоми тановули гӯшти шимпанзе вирус аз бузина ба инсон гузаштааст.
XS
SM
MD
LG