Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзӣ дар Маскаву бохт дар Тошканд


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин мусобиқот барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон дар риштаи каратэ-до дар шаҳри Маскави Русия чаҳор медал ба даст овард. Бино ба иттилоъи Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федератсиони каратэ-дои Тоҷикистон дар рақобатҳо миёни наврасон Фирӯз Темуров дар вазни то 55 кило мақоми дуввум ва Саттор Фаттоҳов дар вазни то 40 кило мақоми севвумро ишғол карданд. Дар рақобатҳо миёни бузургсолон Вадим Чжо Чун-Си дар вазни то 75 кило ва Далер Сафоев дар вазни мутлақ соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Баҳром Ҳамидов афзуд, 10 ва 11 июн дар шаҳри Турсунзода мусобиқоти анъанавии Ҷоми Сато бо ширкати варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Озарбойҷон, Русия, Украина ва Беларус баргузор мешавад.

ФУТЗОЛ. Дастаи мунтахаби футзоли Тоҷикистон дар севвумин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии футзоли Осиё дар шаҳри Тошканд аз тими Ҷопон бо натиҷаи 6 бар 11 шикаст хӯрд. Дар бозии дигари гурӯҳи «В» тими Ҳонконг бар дастаи Ироқ бо натиҷаи 6 бар 2 пирӯз шуд. Ба ин тартиб дар ин гурӯҳ тими Ҷопон бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба нимфинал баромад. Дастаи Тоҷикистон, ки бо 6 имтиёз мақоми дуввумро ишғол кард, аз ҳуқуқи идомаи мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот бенасиб монд. Дастаи Узбакистон пас аз пирӯзӣ дар севвумин дидори худ бар ҳарифи аслиаш - мунтахаби Чин бо натиҷаи 4 бар 1 дар гурӯҳи «А» бо 9 имтиёз ғолиб омада, ба марҳалаи нимфиналӣ роҳ ёфт. Тими Қирғизистон низ дар даври севвум дастаи Кувайтро бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб карда, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «С» ҷойи аввалро ишғол кард ва ба нимфинал баромад. Тими Эрон дар севвумин дидори худ дастаи Тайландро бо натиҷаи 6 бар 3 шикаст дод ва бо 9 имтиёз ғолиби гурӯҳи «D» гардид.
Дар бозиҳои нимфиналӣ рӯзи ҷумъаи 26 май Узбакистон бо Қирғизистон ва Ҷопон бо Эрон зӯрозмоӣ мекунанд. Ду дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 27 май дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад, рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG