Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиард хонандаи интернет


Зиёда аз 1 000 000 000 (як миллиард) нафар дар ҷаҳон ба шабакаи иттилоотии интернет дастрасӣ пайдо кард. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе ширкати И-маркетер (E-Marketer) бо нашри натиҷаҳои як пажӯҳиши худ хабар дод. Бештарин шумораи интернетиён -- 175 миллион нафар дар Иёлоти Муттаҳида ба қайд гирифта шуд, аммо дар ҷои аввал дар байни минтақаҳо минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аст, ки дар ин ҷо 320 миллион нафар аз интернет ҳамарӯза истифода мекунад. 240 миллион нафар дар Аврупо ва 110 миллион нафар дар Чин ба хадамоти шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд.

ххх

Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, барои ҳимояи аҳолӣ мӯҳтавои интернетро ба танзим орад. Вале ҳамзамон мегӯяд, ин кӯшиш набояд ба озодии баён халал ворид кунад. Кумиссионари матбуот дар Иттиҳоди Аврупо Виван Рединг гуфт, вазирони фарҳанги кишварҳои узв маҷмӯъи қоидаҳоеро баррасӣ мекунанд, ки бояд ба ҳифзи арзишҳои бунёдии ҷомеа мусоидат кунанд. Вай афзуд, агар ин қоидаҳо, ки мақсад аз онҳо ҷилавгирӣ аз танаффур ва пешгирӣ аз даъват ба зӯроварист, қобили қабул буданд, дар нисбати радиову телевзион ва рӯзномаву маҷаллаҳо низ татбиқ хоҳанд шуд. Нозирон мегӯянд, ҳадаф аз талошҳо ҳамсон кардани қонунҳои матбуоти 25 давлати узви иттиҳод аст.
ххх

Ширкати бузурги Америка-Он-Лайн (America-On-Line - AOL) барои густариши ҳузури худ дар шабакаи интернет як ширкати хурдеро харидорӣ кард, ки ба нашри клипҳои видеоӣ машғул аст.
Майк Келли, президенти AOL Mедиа Неyтворк мегӯяд, мақсад нашри таблиғияҳои видеоист, ки қаблан асосан дар шабакаҳои телевизионӣ ҷойгоҳ доштанд. Бо афзойиши дастрасии аҳолии ҷаҳон, AOL мехоҳад, ҳузури огоҳиро дар интернет бо клипҳои видеоӣ тақвият бахшад ва фоидаи молӣ ба даст орад.

ххх

Иттиҳоди байнулмилалии ҳандасӣ аз 5-ум то 7-уми июн Форуми ҳарсолаи коммуникатсиониро баргузор мекунад.
Дар он мавзӯъҳое монанди телевизиони оянда, насли нави фароҳамоварони хадамоти интернетӣ, хонаи диҷитолӣ, хадамоти нав ва зинаи нав дар истифодаи нахи оптикӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ҷараёни анҷуман тозатарин дастовардҳои телекоммуникатсионӣ ё дурпайванд намоиш хоҳанд ёфт.

ххх

Ҳайъати таҳририяи маҷаллаи Тайм (Time) Ричард Стенгел, собиқ сардабирb сомонаи интернетии ин маҷалларо ба мақоми сардабири кулли маҷалла интихоб кард. Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки Стенгел бояд сабки кори интернетиро ба ҳамаи бахшҳои кори маҷалла густариш диҳад. Дар ҳамин ҳол рӯзномаи Увол Стрит Ҷорнал (Wall Street Jornal) тасмим гирифт, бари рӯзномаро аз 15 ба 12 инч коҳиш диҳад, то саҳифа ба осонӣ тавонад дар сомонаи интернетӣ ҷой дода шавад. Ва Ню Йорк Таймс (New York Times) шаш сафҳа ҳисоботи вазъи бозори бурсро аз нашри коғазии худ хориҷ карда, ба сомонаи интернетияш кӯчонд, зеро гуфта шуд, суръати тағйирёбии ин иттилоъ аз суръати нашри рӯзнома ба маротиб бештар аст ва дар интернет нав кардани ин иттилоъ осонтар.
XS
SM
MD
LG