Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон


CA ҷавононро "нирӯи навовар" ва саҳми онҳоро дар ҷомеа "ҳалкунанда" номид. Шумо чӣ назар доред?

Ҷавонони мо ба ҳар кор қодиранд ва шояд агар имкон медоштанд, "нирӯи навовар ва ҳалкунандаи ҷомеа" низ
мешуданд. Аммо ба истиснои фарзандони чанд раҳбар дигар ҷавонон "нирӯи навоварашонро" ба ободонии Русия масраф мекунанд. Дар суханони ҷаноби Президент ба ҷавонон ғамхорӣ эҳсос мешавад, вале ин ғамхорӣ дар ҳаёти фарзандони чанд мансабдор татбиқ шуда, деҳқонписар аз он барканор мемонад. Ман се сабаби чунин ҳолро зикр мекунам:
1. Депутатҳо ваъдаҳои зиёд медиҳанду баъди интихобот ба ҷуз манфиатҳои шахсиву маҳаллӣ дигар парвое надоранд.
2. Бахшҳои ҳокимияти давлатӣ бояд аз ҳамдигар вобаста набошад, яъне ҳокимияти қонунгузор ва додгоҳ мутеъи ҳокимияти иҷроия набошад.
3. Ҷавонон дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур надоранд( ба истиснои чанд узви ҳизби халқӣ-демократӣ).
Ф.Фурутанӣ
------------------------------------

Дар ҳақиқат мо ҷавонони бо истеъдод зиёд дорем, вале онҳо барои як луқма нон дар гӯшаҳои мухталифи олам парешону дар ба дар мебошанд. Агар вазъ ҳамин хел монад, фардои мо чӣ гуна дурахшон хоҳад шуд? Аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳам пурсам, ки дар бораи ҳамин ҷавонони дар ба дар чӣ фикр дорад?
Бе имзо
----------------------------------

Президент ҳамин хел мегӯяд, аммо ягон зарра ҷавонони тоҷикро эҳтиром мекунад? Нишонаҳои чунин эҳтиромро мо намебинем, зеро он гуна ки ба назар мерасад, президент ва ҳукумат аслан фикре надоранд, ки ҳаққи ҷавононро дар ҷомеа бишиносанд. Вагарна барои онҳо ҷои кор сохта мешуд, то гурӯҳ-гурӯҳ ба Русия нараванд ва ба фоидаи бегонаҳо миён хам накунанд. Дар байни вазирони ҳукумати ҷаноби Раҳмонов ягон ҷавонро мебинед? На. Асосан -- бознишастаҳо.
Мӯҳсин
--------------------------------------

Ҷавонон ҳама вақт ва дар ҳар давру замон нирӯи навовар буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст ба мисли он ки шир сафед аст. Раҳмонов дар ин чо чӣ дахл дорад?, нафаҳмидам.
Муҳаммадраҳим.
---------------------------------------

Дуруд!
Дар ҷомеаи мо ҷавонони боистеъдод зиёданд. Онҳо метавонанд дар ҳамаи риштаҳои ҷомеа, чи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ навовар ва муассир бошанд. Аммо онҳо аз ҳеч гуна ҳимояти моддӣ, равонӣ, илмӣ...бархӯрдор нестанд.
Ба ин сабаб имрӯз, дареғ, ҷавонони тоҷик наметавонанд, интизороти раиси ҷумҳурро бароварда кунанд ва худи раиси ҷумҳур ҳам инро медонад, вале суханонеро ба забон меорад, ки худаш ҳам ба онҳо итминон надорад. Ё мумкин вай "ҷавонон" гуфта фарзандони калоншавандаҳоро дар назар дорад, ки барои таҳсил ва коромӯзии онҳо аз ҳисоби давлат сармоягузорӣ мешавад.
Худо кунад, ки ҳеч набошад, онҳо "нирӯи навовар" ва "ҳалкунанда" бошанд ва ҳунари навоварию ҳалкунандагиро аз ғайри сармоягузоронашон ёд гиранд.
Муҳаммад, Теҳрон
---------------------------------------

Ҷавонон -- "нирӯи навовар"? Шояд!
Худо кунаду ин нирӯ рӯзе дар ин Торикистон навоварӣ кунад! Ва дар адли иҷтимоӣ саҳми "ҳалкунанда" дошта бошад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Гастрабайтер Беватанов
---------------------------------------

Аз идора: На нишонаи эҳтиром ва на нишонаи тамасхур, балки ишораи бетарафонаи он ки ин калимаҳо айнан дар суханони Президент омадаанд.
--------------------------------------

Агар ҳамаи мо ҳам ба ҷои Президент мебудем, чунин мегуфтем, чаро гуфтаҳои ӯро дохули нохунак мегирем ва аз гуфтаҳои худ ҷудо мекунем???
Ин нишонаи эҳтиром аст ё тамасхур???
Равотӣ
--------------------------------------

Нирӯи навовар................??? Шояд, намедонам. Саҳми арзандае ҳам нагузоштаам, ки онро ҳалкунанда хонам. Шояд дигарон дошта бошанд? Мутмаинам.
Умед аз Маскав
XS
SM
MD
LG