Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи сагҳои пулис ба муҳоҷирони тоҷик


Бо таҳрики пулис сагҳои онҳо ба муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав ҳуҷум карда, Сулаймон Шамсови 22-соларо сахт маҷрӯҳ карданд. Гузашта аз ин пулис бо мушт ба сари Шамсов чандин зарби шадид задааст, ки бар асри ин зарбаҳо сари ҷабрдида варамидааст. Дар ин бора ба радиои Озодӣ дар Маскав Нурмуҳамад Нуров, як шоҳиди айнии ҳодиса хабар дод. Нуров гуфт, ки ҳодиса соъатҳои 12-и рӯзи сешанбе дар канори ҷодаи Ярослави вилояти Маскав, дар бозори мардикорон рух дод. Бо пайдо шудани ду мошини пулис муҳоҷирон рӯ ба гурез ниҳоданд. Пулис сагҳоро раҳо кард ва онҳоро ба сӯи фирориён киш-киш дод. Яке аз сагҳо Сулаймон Шамсови 22- сола, зодаи деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷро аз пой даровард. На ҷабрдида ва на муҳоҷирони дигар барои чунин рафтори полис ба ҷое шикоят набурдаанд, зеро мегӯянд, ба таҳқиқи дурусти ҳодиса аз тарафи мақомоти Русия бовар надоранд.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Нуров бозори мардикор дар канори ҷодаии Ярослав чанд сол боз вуҷуд дорад. Дар ин ҷо аз субҳ ҳазорон муҳоҷир ҷамъ шуда, дар интизори корфармоён менишинанд. Райиси созмони Тоҷик-диаспора дар Маскав Кароматулло Шарифов мегӯяд, ин бори аввал аст, ки пулиси Русия ба муқобили муҳоҷирон аз саг истифода мекунад.

Аммо дар ду соли охир танҳо дар Маскав чор ҳодисаи ҳамлаи маргбори пулис ба муҳоҷирони тоҷик сабт шудааст. Райиси Тоҷик-диаспора афзуд, аз ин миён танҳо як парванда то охир бозрасӣ шудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG