Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи шеваи ҳамла дар Қандаҳор


Генерали амрикоӣ Картер Ҳем қавл дод, ки кишвараш иддаоҳо доир ба марги 16 ғайринизомии афғон дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Қандаҳори Афғонистонро ба таври комил таҳқиқ мекунад. Картер Ҳем муовини раиси ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, низомиёни кишвараш гузоришҳо доир ба марги мардуми осоиштаро ҷиддӣ мегиранд.
Вай гуфт, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида эҳтиёт мекунанд, то ба ғайринизомиён осеб нарасонанд, аммо пайкорҷӯёни Толибон инро медонанд ва баъзан дар миёни ғайринизомиён паноҳ меҷӯянд. Ба гуфтаи нерӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар Афғонистон, дар ҳамлаҳои ҳавоии аввали ин ҳафта дар Қандаҳор даҳҳо тан аз аъзои Толибон ба ҳалокат расидаанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ дастур додааст, то ки шеваи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро, ки ба гуфтаи мақомот сабаби марги 16 ғайринизомӣ шуд, таҳқиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG