Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ричард Боучер дар бораи бурду бохтҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой


Ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Ричард Боучер дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ИТАР-ТАСС Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой (СҲШ)-ро як созмони муфид барои кишварҳои минтақа номида, аммо гуфтааст, ки маъмурияти президент Ҷорҷ Буш мухолифи ба узвияти ин созмон пайвастани Эрон аст. Эрон дар ҳоли ҳозир дар СҲШ мақоми нозирро дорад.

Ричард Боучер гуфта, ки СҲШ дар мавриди таҳкими назорати марзҳо ва таъмини ҳамлу нақли колоҳо ва таҳияи шароит барои эҳдоси ҳамкориҳои иқтисодӣ кори хуберо анҷом дода, ки ба эътиқоди намояндаи Вошингтон, ба суди ҳама кишварҳои минтақа мебошад.Ҳамзамон, гуфт оқои Боучер, талошҳои ин созмон ҷиҳати ба баъзе кишварҳо таҳмил кардани сиёсаташ дар соли гузашта мояи нигаронии Вошингтон шудааст. Манзури ёвари вазири хориҷаи Амрико он изҳороти соли гузаштаи СҲШ буд, ки аз кишварҳои узви эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор даъват мекард, замони ниҳоии истиқрори нирӯҳои худ дар қаламрави кишварҳои узви ин созмонро таъйин кунанд.

Ричард Боучер ҳамчунин эҳтимоли дар моҳи июн дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ ширкат варзидани раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба боди танқид кашид ва гуфт, "дар ҳоле, ки парвандаи ҳастаии Теҳрон таҳти баррасии Шӯрои Амнияти СММ қарор дорад, мардум набояд ҳама нирӯи худро сарфи таҳияи як минбари дигар барои таблиғи ақидаҳои ӯ кунад."

Нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ ба рӯзи 15 июн муқаррар шудааст. СҲШ дар ҳоли ҳозир Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистону Қирғизистонро муттаҳид мекунад. Муғулистону Эрон ва Ҳинду Покистон дар ин созмон мақоми нозирро дошта, ва Афғонистон дар бархе аз чорабиниҳои СҲШ ба ҳайси кишвари меҳмон ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG