Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Қонуни озодии виҷдон


Ба кормандони Озодӣ:
Ба назар чунин мерасад, ки мавқеи М. Ҷаббориён ба манфиати масъулини "Майдони баҳс"("Озодӣ") бар мехӯрад. Чаро ки баъди ин андеша дигар мавқеҳо "сарфи назар" мешаванд. Ин хулосаро мо дар натиҷаи мушоҳида қабул кардем.
Мутаваҷҷеҳ
--------------------------------------

Салом ба ҳамаи касоне ки аҳли таҳқиқ ҳастанд.
Ин қонун дар муқояса бо қавонини ислом ҳеч гуна тазоде надорад, чун дар дини ислом касеро маҷбур кардан барои қабули ақидае нест. Инсон бояд дар пазируфтани ақида ва ташаккули ақидаи хеш озод бошад. Дар қонуни шариф омадааст, ки "ло икрора фӣ дини қад табаяна рушду минал ғай." Касоне ки мегӯянд, тамоми адён ҳақ ҳастанд, иштибоҳ мекунанд. Мавлавӣ мегӯяд:
Ин ҳақиқат дон, на ҳақанд ин ҳама
Не ба куллӣ гумраҳонанд ин рама
Онки гӯяд ҷумла ҳақанд, аҳмақ аст
В-онки гӯяд, ҷумла ботил ӯ шақ аст.

Тихи
---------------------------------------

Ба Саиди Хатлонӣ,

Вақте ки аз дигарандешӣ чизе бигӯем, ба қавли дӯстам Дилшод: "Динро сандалии тасмимгириҳоятон бармегузинед" ва шахсро муҳокима мекунед ([http://khudshinos.freenet.tj/guftori1.html]- guftugui okhirin)
Акнун ки пай бурдаам, огоҳии дуруст аз дин ҳам надоред, худро бо ғазали Ҳофиз тасалло медиҳам, ки мегӯяд:

Ба муддаӣ магӯед, асрори ишқи мастӣ,
То бехабар бимирад, бо дарди худпарастӣ!
Дар маҷлиси муғонам, душо санам чи хуш гуфт:
"Бо кофирон чи корат, гар бут намепарастӣ!"

Диловар,
Ҳанновер, Олмон

---------------------------------------

Эй Мӯҳсини мустаор!
Чунин рафторат ба дин, ба хонандагони ин сомона зарари маънавӣ овардан аст.
Теша
--------------------------------------

Ман ба як чиз ҳайронам, ки чаро ҳар коре ки ҳукумат ё порлумони Тоҷикистон кунад, бояд ҳатман бад бошад? Чаро фикр намекунед, ки мумкин аст, онҳо мехоҳанд, зеҳни насли наврасро аз заҳри дин (ҳамаи динҳо ба фикри ман, заҳролуданд, бидуни истисно кадом дин ки набошад) эмин доранд ва одамони замонавию озодфикрро тарбия кунад, бояд мусбат нигоҳ кард.
Мӯҳсини Ҷаббориён
--------------------------------------

Салом ҳаммеҳан!
Имруз диндор бояд ба манзалаи пизишке бошад мутахассис ва обутобдида. Пизишке ки метавонад ба даст корд бигирад ва ҷарроҳӣ кунад ва озмуда бошад. Шумо бигӯед, кадоме аз диндорони мо ин гуна инсонҳоянд ва тавонанд раҳбарияти динии ҷомеаро дар даст доранд? Хол он ки сатҳи омодагияшон дар пасттарин дараҷа аст. Тасаввур кунед, озодии зиёди онҳо ба куҷо мебарад. Нахуст бояд сатҳи огоҳии пешвоёни дин ва ҷомеа баланд шавад ва сипас талаби озодӣ бояд кард.
Азиз, Эрон
--------------------------------------

Салом ба Диловар,
Бародар гоҳ аз номи Худо
ҳарф мезанӣ, гоҳ бо Худо дар ҷанг мешавӣ. Бояд ё мусулмон буд ё кофар.
Худо ҳидоятат кунад.
Бо эҳтиром
Саиди Хатлонӣ
--------------------------------------

Одамҳо, ин худаш чӣ гап?
Ин ҷо мавзӯъи Майдони бахсро, чунон ки ман ва шумо бо чашми худ мебинем ва матлабашро мехонем, баррасии Қонуни озодии виҷдон навиштаанд. Пас чаро дур меравем? Маслиҳат медиҳам, ҳамон лоиҳаи баррасишавандаро дастрас намоед ва бубинед ҳуқуқҳоятонро поймол мекунад ё не? Агар дастрас кардед, нусхаашро ба ман бо нишонии neo_tadschik@web.de ҳам фиристед. Он вақт метавонем бигӯем, ки кадом банди Қонун нодуруст аст ва чаро?
Панде ҳам ба мусалмонҳои муҳтасиб дорам.
Чашмонатонро боз кунед ва аз шиорпардозҳо парҳез кунед. Бидуни чуну чаро дар Қуръони Шариф навишта шудааст: "Намепарастам он чӣ шумо мепарастед ва ҳам шумо намепарастед он чӣ ман мепарастам. Ман ва шуморо дин дигар аст". Акнун ба ин суоли ман ҷавоб диҳед, ки агар ҳол чунин аст, чаро чашми дидани бединон ва пайравони динҳои дигарро ҳатто байни "худамон" надоред?
Диловар,
шаҳри Ҳанновери Олмон

________________________________

Салом ба ширкаткунандагони майдони баҳс -- ба онҳое ки рӯҳияи демократӣ ва озодбаёнӣ доранд!!!
Дар ин робита назари ман он аст ки ин омил барои «соврименный» шудани насли наврас ва хусусан модарони ояндаи точик «ба хубӣ» мусоидат мекунад. Чаро ноболигон аз гирифтани маълумоти динӣ маҳрум бошанд? Ё магар онҳо аз гирифтани маълумоти динӣ «террорист» мешаванд? Чаро имрӯз духтари тоҷикро наметавон аз духтарони толори дискоклубҳои Аврупо фарқ кард ва ҳамзамон толибагони мактабро намегузоранд бо курта ва рӯмоли тоҷикӣ ба дарс раванд (ҳатман бо юбкаю кофта ва пойҳои нимбараҳна бошанд)? Тарҳи нави Қонуни озодии виҷдон муҳим набуд, муҳим он буд ки мо ислом (ва шояд дигар адён)-ро бо чашми ҳақиқат бингарем, зеро:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Чаро депутатҳои дилсӯзу ғамхору содиқи мо (кош ҳамин гуна мебуданд) қонунеро дар мавриди пешгирии фоҳишагарӣ ва афзудани бемориҳои венерикӣ дар ин кишвар ба тасвиб намерасонанд?
Агар мо тоҷики асил бошем ва манфиати ин миллату сарзаминро аз манфиатҳои шахсиву маҳалӣ боло гузорем, пас бояд аз рӯи инсоф ва аз рӯи адолат ин ё он қонунро ба тасвиб бирасонем.
Эзоҳ: Умедворам депутатони мо аз ақидаи мо намеранҷанд ва амале аз рӯи виҷдон хоҳанд кард. Барои сергапӣ аз сомонаи WWW.OZODI.ORG маъзарат мехоҳем ва умедворем онро ба шакли пуррааш мегузоранд.
Бо камоли эҳтиром
Сарсупурдаи Миллат
---------------------------------------

Салому алейкум,
Дар сарқонуни кишварҳои олам банде вуҷуд дорад, ки аз асолату дину тамаддуни хеш ҳимоя мекунад:
Барои чӣ мо зидди дини худ кор кунем? Ва ҳуқуқи зиёда аз 90% мусулмонони кишварамонро вайрон кунем?
Сан
--------------------------------------

Ин қонун метавонад, аз вуруди дини масеҳӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ намояд,ки ба андешаи ман беҳтарин аст. Зеро ба андешаи ман, халқи кӯчакро гуногундинӣ нашояд. Ҳамин маҳалгароиамон кам набуд, ки боз дарди дигареро ба мо бор менамоянд. Дини ислом бояд дини миллии мо бошад, аммо Амрико мехоҳад, дар баробари низоми ягонаи демократикаш дини масеҳиро низ ба сифати дини ягонаи ҷаҳонӣ паҳн намояд
Тоҷикпур
--------------------------------------

Салом ба Радиои Озодӣ!
Ман аз хориҷа ин номаро менависам ва мехоҳам дар мавриди саволи Майдони баҳс изҳори назар кунам.
Ба ақидаи ман, ҳамаи динҳо дини ҳақ ҳастанд, лекин онҳо як давраи муайяни худро доштанд ва дини ислом динест, ки онҳоро ба навъе ҷамъбаст кардааст ва ба замонаи мо мувофиқ аст. Аммо мушкилоте ки ҳаст аз норасоии қонунҳои кишвар бармеояд. Тарафи дигар ба камбуди мутахассисон ва таълими дин бастагӣ дорад. Ман дар ободии Тоҷикистон ягон кори ҳукуматро намебинам ва ҳама чиз аз тарафи мардум мешавад. Аммо намефаҳмам, чаро ин мардум бояд қарздор бошанд. Агар инро касе ба ман фаҳмонад, ташаккур мекунам.
Абдураббӣ Набӣ
XS
SM
MD
LG